Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар ибтидои ҳаёти худ картошка барои ба вуҷуд овардани узвҳои фурўбаранда (баргҳо) ба нитроген эҳтиёҷи калон дорад.
Дар давраи муғчабандӣ, гулкунӣ ва пайдоиши лўндаҳо картошка қариб 50-60%-и ҳамаи нуриҳои андохташуда (аз ҳама бештар нитроген)-ро меҷаббад.
Бо нитроген дуруст таъмин кардани растанӣ боиси инкишофи баргу поя, сермаҳсулшавии фотосинтез, зиёд шудани ҳосили лўндаҳо ва оҳари онҳо мегардад. Аз афзунии нитроген баргу пояи картошка зиёд месабзад ва лўндаҳо аз ин боис кам мешаванд, давраи нашъунамо кашол меёбад, ба касалӣ тобоварии растанӣ суст гашта, таъми картошка паст мешавад.
Фосфор ннкишофи растаниро метезонад ва лўндаҳоро серҳосилу сероҳар мекунад. Намуди беҳтарини нурии фосфорӣ суперфосфат мебошад.
Калий картошкаро ба касалиҳо тобовар намуда, аз барг ба лўндаҳо ҳаракат кардани карбогидратҳоро зиёд менамояд. Чунин ҷараёни ҳаётан муҳим, ба монанди фотосинтез, мубодилаи карбогидрату сафедаҳо, ба калий вобаста аст.
Картошка ба хок талаботи зиёд дорад. Аз хокҳои нуриандохтаи ҳосилхез, хусусиятҳои обгузарониашон нағзи сохтдор, ки зичиашон 1,2 г/см3 аст, ҳосили баланд гирифтан мумкин аст. Хокҳои марғзории сиёҳча, марғзорию ботлоқӣ, дорчинранг, хокистарранг дар шароити риояи усули парвариш ва истифодаи нуриҳо ҳосили баланд дода метавонанд.
Хокҳои таркиби механикиашон серрег, инчунин регу гилдори сабук низ барои парвариши картошка қулай аст.
Барои кишти картошка хокҳои муҳити кимёвии маҳлулашон камтар турш (рН 5-6) ба кор меояд. Дар хокҳои таркиби механикиашон турш, шўр, вазнин ва серсанг картошка хуб нашъунамо намеёбад.

пешина
аз 314
навбатӣ