Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар рўёнидани картошкаи беҷирм усули биотехнологӣ мавқеи хосе дорад. Картошкапарварии беҷирм дар Ҳолландия ба таври хуб ташкил карда шудааст. Дар Молдавия иттиҳодияи «Днепр» ва дар Белоруссия - Пажўҳишгоҳи картошкапарварӣ оиди рўёнидани картошкаи беҷирм тадқиқотҳои илмӣ мебаранд.
Дар Тоҷикистон олимони маркази биотехнологӣ бо роҳбарии акадлемик Носиров Ю.С. барои пайдо кардами навъҳои картошкаи беҷирм як қатор корҳои пурмақсадро пеш бурда истодаанд.
Растании картошка ба сармо тобовар нест ва дар хунукии -2-3°С зарар мебинад.
Картошка намиро бисёр талаб мекунад. Дараҷаи транспирасионии картошка ба ҳисоби миёна 400-500 мебошад.
Дар давраи авҷи сабзиши буттаи растанӣ, гулкунӣ ва ибтидои пайдоиши лўндаҳо талаботи растанӣ ба намӣ меафзояд. Намии муносибтарини хок дар ин давра бояд 75-80% аз НК ва дар давраи пайдоиши лўндаҳою ғуншавии оҳар 60-65% аз НК бошад. Дараҷаи транспирасия ба хусусияти навъ, агротехника, шароити хоку иқлим ва миқдори ҳосил вобаста аст. Одатан, агар ҳосил зиёд шавад, коэфитсенти транспирасия паст мешавад.
Картошка растании рўшноидўст буда, аксарияти навъҳои он растании дарозрўз мебошанд. Агар рўшноӣ кофӣ набошад, поя ва баргҳои растанӣ авҷ карда пайдошавии лўндаҳо кашол ёфта, ғуншавии оҳар кам мегардад. Рўзи бардавомро картошка кам ҳис мекунад, гарчанд қайд карда шудааст, ки баргу поя ва узвҳои генеративии он дар шароити рўзи дарози тобистон нағз шакл мегирад ва пайдоиши лўндаҳо дар рўзи кўтоҳ шадидтар мегузарад. Пайдоиши 30-40 ҳазор м2/га масоҳати барг имконият медиҳад, ки нурафкании фаъол (фотосинтетикӣ, НФФ) ба таври шадид истифода бурда шавад.
Картошка ба нуриҳо ҳассос аст. Силсилаи решагии картошка, аз хок фосфорро назар ба дигар унсурҳои ғизои бештар мегирад. Ин зарурияти бо меъёри зиёд андохтани нуриҳои нитрогенӣ ва калийдорро тақозо мекунад.

пешина
аз 314
навбатӣ