Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Сабаби инқирози картошка аз касалиҳои сирояткунанда (вирусӣ) бармеояд, зеро ин касалиҳо дар ҳарорати баланд авҷ мегиранд. Вирусҳое, ки дохили картошка шудаанд, бо воситаи лўндаҳо мегузаранд ва дар вақти нигоҳдорӣ дар зимистон низ қобилияти ҳаётии худро гум намекунанд.
Сирояти вирусӣ дар давраи нашъунамо бо роҳи алоқаи механикӣ, ба воситаи ҷойҳои захмдоршудаи девораҳои ҳуҷайра, дар натиҷаи ҳаракати шираи сироятнокшудаи растаниҳои касал ва техникаю олотҳо ба растаниҳои солим гузашта, паҳн мешавад. Аз муғчаҳои лўндаҳои инқирозӣ сабзаҳои борики заиф пайдо мешавад, ки маҳсулнокии паст доранд. Аз онҳо лўндаҳои майдаи дағал, ки миқдори оҳарашон кам аст, пайдо мешаванд.
Дараҷаи паҳншавии инқирозии картошка ба навъ, агротехникаи парвариш, шароити иқлиму хок вобастагии зич дорад. Ин касалӣ дар шароити водии Вахш авҷ гирифта, дар шароити ноҳияҳои кўҳсор, ки ҳарорати ҳавояш барои лўндапайдошавӣ мусоид аст, паст мегардад.
Дараҷаи баланди намӣ ва меъёри зиёди нуриҳои минералии нитрогендор ба паҳншавии касалӣ мусоидат мекунад.
Усулҳои муҳимтарину ҷиддии муборизаи зидди касалии инқирозии картошка инҳоянд:

  • татбиқ ва истифодаи навъҳои ба касалӣ тобовар;
  • ташкили тухмипарварии беҷирми картошка дар шароити минтақаҳои кўҳӣ;
  • коштани картошка баҳорон дар мўҳлатҳои барвақту мўътадил ва дар ноҳияҳои водигӣ ба таври васеъ татбиқ намудани картошкапарварии навъҳои тезпаз дар тобистон ва пеш аз зимистон;
  • пошидани пору ё пору бо торф дар минтакаҳое, ки чунин имконият мавҷуд аст. Ин чорабинӣ имконият медиҳад, ки аэратсияи хок беҳтар шавад;
  • риояи қатъии усули парвариши картошка.
пешина
аз 314
навбатӣ