Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳосилнокии молиаш 264,0-390,0 с/га аст. Баҳои лаззатиаш 4,5-4,8 хол буда, нигоҳдории лўндаҳояш хуб (96- 98%) аст. Ин навъ ба саратон тобовар буда, ба касалии фитофтороз гирифтор мешавад. Дар шароити ҷумҳурӣ навъи Кардинал низ паҳн гардидааст.
Дар ҷумҳурии Олмон бо роҳи ҷуфткунии помидору картошка, дурагаи помитофилл, бо мақсади дар як вақт аз як майдон гирифтани ҳосили помидору картошка рўёнида шудааст. Аз тарафи тухмпарварони Шўравӣ навъҳои ба саратон тобовар (Смена, Темп, Вармас) ва ба касалии фитофтороз устувор (Мечта) бароварда шудаанд. Дар ИМА картошкае рўёнида шудааст, ки моддаи махсус-линтонол дорад ва аз он ҳашаротҳо мегурезанд.
Академик Альсмин П.Н. (Пажўҳишгоҳи картошкапарварии Белоруссия) навъи шадиди картошкаеро (Добро) рўёнидааст, ки ҳар як буттааш то 12-16 лўнда дорад.
Усули парвариши картошка истифодаи навъҳои пуриқтидори ҳосилнокиашон баланд, ба касалиҳо тобовар, миқдори оҳарашон зиёд ва сифатҳои лаззатнокиашон хубро талаб мекунад.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Картошка растании иқлими мўътадил мебошад. Бинобар ин дар ноҳияҳои миёнакўҳ ва баландкўҳи Тоҷикистон, ки тобистони салқин дорад, ҳосили бисёр медиҳад.
Муғчаҳои лўндаи картошка дар ҳарорати 7-8°С месабзанд.
Дар ҳарорати 15-16°С майсаҳои картошка баъди 14-16 рўз пайдо мешаванд, ҳарорати 20-25°С барои ҷараёни фотосинтез, сабзиш ва инкишофи растанӣ мусоид мебошад. Барои пайдоиши лўнда дар шароити мо ҳарорати 18-20°С-ро мусоид ҳисобидан мумкин аст. То 2°С паст ва то 30°С баланд шудани ҳарорат шаклгирию калоншавии лўндаҳоро бозмедорад. Ҷамъи ҳарорати самаранок барои пурра гузаштани давраи нашъунамои картошка ба 1200-1700°С баробар аст.
Таҷрибаҳои дар Тоҷикистон гузаронидашуда исбот карданд, ки ҳарорати баланд, хусусан дар ноҳияҳои водигӣ дар давраи пайдошавии лўндаҳо инқироз ё вайроншавии картошкаро ба вуҷуд меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё