Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳосили молии ин навъ 249-291 с/га аст. Вазни лўндаҳояш 73-121 г мебошад. Дар таркибаш 18,7-23,2% сафедаи хом дорад. Нигоҳдориаш хуб аст.
ПОЛЁТ - ин навъ дар стансияи наслгирии Тулун бо усули дурагакунии саҳроӣ аз ҷуфткунии навъҳои (Тулунский х Юбель) х (Лорх х Тулунский) рўёнида шудааст.
Муаллифонаш Поляков П.И., Макамура Т.Н. мебошанд. Дар ҷумҳурии мо аз соли 1990 ноҳиябандӣ шудааст. Навъи тезпаз буда, давраи пурраи нашъунамояш 85-90 рўз аст. Аҳамияти калони таомӣ дорад.
Буттааш миёнақад буда, пояҳояш камшохаанд. Баргҳояш миёнаҳаҷм, рангаш сиёҳу сабз, сатҳаш ҳамвор аст.
Гулкуниаш сусту кўтоҳмуддат аст. Тўдагули яклухти дошта ғуҷуммева пайдо намешавад. Лўндаҳояш сурх, шаклашон фурўхамида ва кундқуллаанд. Пўсти лўндаҳо ҳамвор, чашмакҳо каму хурд буда, мағзашон сафед аст ва дар вақти буридан сиёҳ намешаванд. Вазни лўндаҳояш 103,0-133,0 гр. аст. Ҳосилнокии молиаш 256,0-347,0 с/га мебошад. Дар таркибаш 16,7-17,2% моддаи хушк, 17,1-24,8 мг% витамини С, 1,7-2,3% сафедаи хушк, 10,3-11,7% оҳар дорад.
Баҳои лаззаташ 4,4-4,8 хол буда, нигоҳдории лўндаҳояш хуб (92-93%) аст. Ин навъ ба саратон тобовар буда, ба касалиҳои фитофтороз ва пўсиши хушки фузариозӣ бештар тоб меоварад.
НАРИМКА. Дар стансияи тухмипарварии Нарым рўёнда шудааст.
Дар ҷумҳурии мо аз соли 1991 ноҳиябандӣ кунонида шудааст. Навъи миёнабарвақтии таомӣ аст. Буттааш ростқаду каманбўҳ буда, 5-6 поя дорад. Шохарониаш мнёна ва сербарг аст. Баргҳои калону миёнае дорад, ки рангашон сиёҳу сабз, миёнабуриш ва ғайришаффоф мебошанд. Гулкуниаш миёнаи камдавом аст. Тўдагули яклухт дорад. Гулбаргаш миёнаҳаҷм, сурхи сафедча буда, нўгҳои дохилию беруниашон бунафшу сафеданд. Мевапайдошавиаш камчин аст. Лўндаҳояш мудаввари фурўхамидаи кундқулла, сафед, пўсташон ҳамвор аст. Чашмакҳояш хурд, на он қадар чуқур ва чоҳшакланду мағзаш сафед аст. Вазни молии лўндаҳояш 106,0-195,0 гр мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё