Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Картошка иқтидори баланди маҳсулнокӣ дорад. Дар ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҷамъоварии картошка дар сурати ҷорӣ намудани усули шадиди парвариш ва риояи қатъии низоми технологӣ захираҳои калон мавҷуданд. Яке аз унсурҳои зарурии усули шадид ин рўёнидани тухмиҳои беҷирми картошка мебошад.
НАВЪҲО. Аз рўи истифода навъҳои картошка ба таомӣ (столовые), ҳаматарафа (универсальные), техникӣ (заводӣ), хуроки чорвогӣ ва аз рўи давомнокии давраи нашъунамо ба тезпазак (70-80 рўз), миёнаю-барвақтӣ (80-90 рўз), миёнапазак (110-120 рўз), миёнаю дерпазак (120-130 рўз) ва дерпазак (135-150 рўз) ҷудо мешавад.
Лўндаҳои навъи таомӣ аз дигар навъҳо бо сифати баланди лаззатнокӣ, пўсти тунук, руякӣ ҷойгиршудани чашмакҳо ва қобилияти хуби нигоҳдорияш фарқ мекунад.
Лўндаҳои навъҳои ҳаматарафа истифодашаванда бояд бо сифатҳои хуби таъмӣ ва доштани миқдори зиёди оҳар мувофиқат кунанд, зеро ин имконият медиҳад, ки онҳо ба мақсадҳои техникӣ ва таомӣ истифода шаванд. Дар Тоҷикистон навъҳои зерин ноҳиябандӣ кунонида шудаанд:
Лорх, Полет, Наримка.
ЛОРХ - ин навъ дар Пажўҳишгоҳи хоҷагии картошкапарварии назди Москва (аз тарафи муаллифон профессор Лорх А.Д. ва Гусев П.С.) рўёнида шудааст. Дар ҷумҳурии мо аз соли 1956 ноҳиябандӣ гаштааст.
Навъи миёнаю дерпаз ва ҳаматарафа буда, давраи пурраи нашъунамояш 136 рўз аст. Хусусиятҳои баланди ҳосилнокӣ ва хуштаъмию сероҳарӣ (то 14,6%) дорад. Ба фитофтора ва дигар касалиҳо кам гирифтор мешавад.
Ба пўсиши ҳалқагӣ тобовар буда, ба касалии саратон тобовар нест.
Лўндаҳояш сафед, кулулаи байзашакл, пўсташ тўрмонанд, дар қуллаи лўнда чашмакҳояш хурд, ранги сабзаҳояш сурхи бунафш, гулҳояш сурхи кушод ва бунафш аст. Буттааш баландқаду сербаргиаш миёна аст.
Баргҳояш сабзи кушод ва миёнаҳаҷм мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё