Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
УСУЛИ ПАРВАРИШ. Картошка нисбат ба зироатҳои пешкишта серталаб аст. Илм ва амалия исбот кардааст, ки агар картошка такрор ба такрор дар як майдон кошта шавад, касалиҳо, ҳашаротҳои зараррасон ва алафҳои бегонаи махсусшуда бештар паҳн мешаванд. Бинобар ин киштгардон кардани картошка тавсия мешавад.
Дар хоҷагиҳои сабзавоткорӣ картошкаро баъди сабзавотҳо (хусусан баъди карам, бодиринг, зироатҳои полезӣ, лўбиёдонагию бехмевагиҳо) мекоранд. Баъди помидор, боимҷон ва қаламфур коштани картошка тавсия намешавад, зеро ҳамаи онҳо якхел касалӣ доранд.
Дар киштгардони саҳроӣ қабати шудгори юнучқа ё чапагардоншудаи он, лўбиёдонагиҳо, зироатҳои ғаллагии нуриандохташуда, ҷуворимакка пешинакишти беҳтарин ба шумор мераванд.
Дар навбати худ, картошка ҳамчун зироати байни қаторҳояш нармшаванда барои ғалладонагиҳои тирамоҳӣ, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо пешинакишти беҳтарин мебошад.
КОРКАРДИ ХОК. Коркарди асосӣ ва пешазкиштии хок барои парвариши картошка аз дигар зироатҳои байни қаторашон нармшавандае, ки дар заминҳои обӣ парвариш карда мешаванд, кам фарқ карда, бо назардошти ҳолати майдон ва пешинакиштҳо гузаронида мешавад. Решаҳои картошка муқовимати хокро нағз бартараф карда наметавонанд. Аз ин рў, он ба коркарди хушсифате, ки ҳиссачаҳои хок нағз майда карда мешаванд, эҳтиёҷи калон дорад.
Ҳосилнокии картошка ба ғафсии қабати шудгори хок, аэратсия ва ковокии он вобаста аст. Барои кишти аввали баҳор шудгори тирамоҳиро тавассути испорҳои пешпочадори ПЛН-4-3,5, ПЛН-5-35 дар чуқурии 30-35 см хушсифат гузаронидан лозим меояд. Агар пешинакишти картошка юнучқа бошад, барои нағз майдашавии решаҳои он 2-3 ҳафта пеш аз шудгор қабати юнучқазор дар чуқурии 10-12 см.
дар ду самт чархмола карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё