Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
НИГОҲУБИНИ КИШТ
Дар давраи нашъунамои лубиё бояд нигоҳубини хушсифату доимии киштзор таъмин шавад. Вазифаи асосии нигоҳубини ин нарм нигоҳ доштани хок, тоза будани киштзор аз алафҳои бегона, таъмини растаниҳо бо моддаҳои ғизоӣ ва об, инчунин аз ҳашаротҳои зараррасон химоя намудани ҳосил мебошад. Барои сари вақт баромадани майсазор тавсия мешавад, ки баъди боришот сафолаки пайдошуда ба воситаи сихмолахои сабук ва ё каландҳои ротатсионӣ (ротационная мотыга) шикаста шавад.
Ба муқобили алафҳои бегонаи якпаллагӣ, дупаллагӣ ва ғаллагиҳо тавсия шудааст, ки 2-3 рўз пеш аз баромадани майса суспензияи гербисиди Зиразин, 50% аз ҳисоби 3-5 кг истифода бурда шавад. Дар давраи нашъунамо (баъди обмонӣ) то пурра пухта расидани дон ба воситаи нармкунакҳо (култиваторҳо) тамғаи КРН-2,8, КРН-4,2 2-3 маротиба бояд коркарди байниқаторӣ ва хишова гузаронида шавад.
Аз рўи қоида ҳангоми коркарди байни қаторҳо ғизо низ дод мешавад.
Коркарди байниқатории якум дар чуқурии 10-12 см пас аз саросар пайдошавии майсаҳо ва коркардҳои минбаъда дар чуқурии 7-8 см гузаронида мешавад. Обмонии саривақтӣ ва хушсифати киштзори лубиё яке аз омилҳои асосии гирифтани ҳосил баланд аст. Талаботи лубиё ба об, махсусан аз давраи гулкунӣ то пухта расидан меафзояд.
Нами хок дар ин давра бояд то дараҷаи 70-75% аз НК нигоҳ дошта шавад. Вобаста ба шароитҳои хоку иқлимм дар давраи нашъунамо ба кишти мошу лубие аз 4 то 6 маротиба об мемонанд. Дар ҳар як обмонӣ ба ҳар як гектар 600-650 м3 об сарф мешавад. Дар сурати пайдоиши саросарии майсаҳо, дуюмаш пеш аз муғчанбандӣ, сеюмаш-дар ибтидои гулкунӣ, боқимондаагро дар вақти зарурӣ-давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ медиҳанд. Ба муқобили ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ ва касалии растаниҳо маҷмўи чорабиниҳои агротехникӣ, кимиёи андешида мешавад. Барои нест кардани гамбусак, кирми мева, шириняв, кирми ғўза, тортанаккана аз метафос бо меъёри 0,5-1,0 л/га истифода мебаранд.
Ба муқобили кирми мева, мевахўракҳо, ширинча ва тортанаккана БИ-53 бо меъёри 0,5-1,0 л/га низ истифода бурда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё