Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ба кишти лубиё ва мош вақте шурўъ менамоянд, ки дар қабати чуқурии ҷойгиршавии тухмӣ ҳарорати хок ба 12-14°С расад. Киштҳои ангории мош бояд то саршавии моҳи июл ба охир расонида шаванд. Усули асосин кишти лубиёвасеъқатораи байни қаторҳояш 45-60 см мебошад.
Меъёри кишти навъҳои майдатухми лубиёи муқаррарӣ одатан 70-80 кг/га ва калонтухм-100-120 кг/га мебошад. Ин дар як гектар тахминан 0,3-0,4 млн. тухми қобилияти нешзанидоштаро ташкил медиҳад. Дар истеҳсолот баъзан лубиё ба усули тасмагӣ (дуқатора) низ кошта мешавад.
Дар таҷрибаҳои кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз киштҳои омехтаи навъҳои печони лубиёи муқаррарӣ бо ҷуворимакка ва ҷуворӣ натиҷаҳои хуб ба даст оварда шудааст. Мош бо усули васеъқаторӣ (байни қаторҳояш 45 см) ё тасмагӣ (дуқатора) кошта мешавад. Меъёри тухмӣ барои кишт аз ҳисоби 0,4-0,5 млн. тухмии қобилияти нешзанӣ дошта (350-400 ҳазор растанӣ дар 1 гектар) муайян карда мешавад. Барои навъҳои майдатухми мош ин ба 16-18 кг/га баробар аст. Масалан, агар вазни 1000 дона тухмӣ 40 г бошад, онро ба меъёри кишт-0,4 млн. зарб кунем, он гоҳ меъёри кишти тухмӣ ба 16 кг/га баробар мешавад. Бо сабаби дар вақти сабзиш паллаҳои тухмиро болои хок баровардани лубиё онҳоро дар чуқурии 4-5 см зери хок мекунанд. Кишти лубиёро бо воситаи тухмипошакҳои тағмаи СПЧ-6, СПЧ-6М, СУПН-8 мегузаронанд. Барои кишт тухмипошакҳои пахта, ғаллагиҳо ва сабзавотӣ истифода мешаванд. Бо мақсади то ҷои ҷойгиршавии тухмиҳо расидани намӣ ва тезонидани сабзиши саросарии онҳо баъди кишт дарҳол хокро шиббагелон ва ё мола мекунанд.
Дар минтақаҳои Вахшу Суғд якчоя бо баробари коштани тухмӣ бароӣ обёрӣ кардан ҷўякҳо низ мекашанд.
Ин амал барои зуд неш зада баромадани тухмӣ лозим мебошад.

пешина
аз 314
навбатӣ