Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Азбаски тухми лубиё дар вақти сабзиш паллаҳояшро болои хок мебарорад коркарди пеш аз киштии хок бояд ба таври дақиқ гузаронида шавад.
То коштани тухмӣ майдон ду маротиба тавассути як олот коркард ва сихмола мешавад: бори якум баъди 8-10 рўзи сихмолакунӣ дар чуқурии 10-12 см, бори дуюм-пеш аз кишт дар чукурии 6-8 см. Коркарди якум барои сабзидани тухмиҳои алафҳои бегона мусоидат карда, дуюмаш онҳоро нобуд менамояд. Дар хокҳои ниҳоят сахт ба ҷои коркарди якум ба воситаи лушилникҳо (машинаҳои хокнармкунанда) ё испорҳои бе олоти хокгардонкунанда (отвал) коркард гузаронидан ба мақсад мувофиқ аст.
Дар минтақаҳои Вахшу Суғд, ки миқдори боришот кам аст, дар фаслҳои зимистону баҳор ба майдонҳо яхоб мемонанд. Дар сурати ҳамчун зироати ангорӣ (такрорӣ) коштани мош ба майдонҳо баъди дарави зироати аввала об монда, бо мурури расиши хок дар чукурии 28-30 см дар якчоягй бо сихмола ва мола шудгор гузаронида, дарҳол ба кишт шурўъ менамоянд.
Барои гузаронидани кишт тавсия мешавад, ки тухмиҳои хушсифату тозагиашон 98% буда ва қобилияти нешзаниашон на кам аз 90% истифода бурда шаванд.
Барои пешгирӣ аз фузариоз, антракноз ва мағорзанӣ бояд тухмиҳоро ба воситаи заҳрдоруи ТМТД (3-4 кг/т тухмӣ дар 5-10 л об) 20-25 рўз пеш аз кишт безараркунонда, дар рўзи коштан тухмии лубиё бо нитрогини лубиёгӣ омехта карда шавад. Коркард бояд дар соя гузаронида шавад, то ин ки бактерияҳои дар нурии бактериалӣ буда, аз нури офтоб намиранд.
0,2-0,3 кг ризоторфинро дар 2 литр об ҳамроҳ карда, бо ин маҳлул меъёри гектарии тухмиро намнок мекунанд. Ин чорабинӣ микдору вазни бактерияҳои лундашаклро зиёд менамояд, ки он боиси афзуншавии ҳосилнокӣ (10-15%) ва микдори сафеда низ мегардад.
Дар таҷрибаҳои кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон коркарди тухмии мош бо ризоторфин ҳосилнокии дони онро 3-4 с/га афзуда, самаранокин истифодаи тухмиҳои якхелаи фраксияҳои калону миёнаи лубиё низ мушоҳида шудааст.

пешина
аз 314
навбатӣ