Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Барои истеҳсоли 1 с. тухм лубиё аз хок 6 кг N, 1,4 кг Р2О5 ва 3 кг К2Оро меҷаббад.
Пошидани 10-15 т пору ва 50 кг Р2О5 пеш аз шудгор имконият медихад, ки ҳосил як кадар баланд шавад.
Гарчанде, ки лубиё зироати нитрогенгункунанда бошад ҳам, то дар решаҳои он пайдо шудани микробҳои лундашакл майсаҳои ҷавон ба ғизои нитрогенӣ эҳтиёҷ доранд. Аз ин рў дар вақти коркарди байни қаторҳо ё дар вақти кишт 25-30 кг N-po мепошанд. Пошидани 3-4 с/га хокистар низ тавсия мешавад. Дар ҳолати истифода бурдани 50-60 кг/га суперфосфати ғурўшадор ҳосилнокии лубиё як дараҷа баланд мешавад.
Баъди 2-3 ҳафтаи пайдошавии майсаҳо аз ҳисоби 20-25 кг/га фосфор ба растаниҳо ғизо бояд дод. Зардшавии барги майсаҳои лубиё аз норасоии нитроген шаҳодат медиҳанд.
Норасоии фосфор сабаби сустшавии сабзиш ва инкишофи растаниҳо гардида, барои дар аввал хира гашта, баъд зард мешаванд.
Норасоии калий сабаби ба касалии хлороз гирифтор шудани растаниҳо мегардад. Дар вақти коркарди байни қаторҳо микронуриҳомарганетс ва молибден низ пошида) мешавад. Ин имконият медиҳад, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 2-3 с ва миқдори сафеда 1,5-2% зиёд шавад.
Дар таҷрибаҳои кафедраи растанипарварии ДАТ дар натиҷаи истифодаи
90 кг нитроген, 60 кг фосфор, 60 кг калий дар якҷоягӣ бо нурии микробиологии нитригин аз ҳар як гектари киштҳои ангории мош 23 с дон рўёнида шудааст.
КОРКАРДИ ХОК. Гузаронидани коркарди саривақту хушсифати намӣ ва қуввазахиракунандаи хок яке аз воситаҳои асосии баландшавии ҳосилнокии лубиё мебошад.
Барои кишти баҳории лубиё шудгори тирамоҳиро дар чуқурии 25-30 см бо испорҳои пешпочадор гузаронида, хокро пурра ругардон мекунанд.
Аввали баҳор бо имконият додани хусусиятҳои физикии хок барои нигоҳ доштани намӣ ва нест кардани алафҳои бегона замини тирамоҳ шудгор шударо ду маротиба сихмола мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё