Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Вазни 1000 донааш 200- 300 гр. буда хушлаззат аст.
Навъи дар Ўзбекистан ноҳиябандишудаи «Олтин» (Пажуҳишгоҳи шолии Ўзбекистан) ва дар Қирғизистон иавъи ноҳиябандишудаи «Белосемянная-Фрунзенская» аҳамияти калон доранд.
Аз навъҳои мош дар Тоҷикистон навъҳои «Тоҷикӣ-1» ва «Тоҷикӣ-2»
ноҳиябандӣ шудаанд.
Навъи «Тоҷикӣ-1» дар ИИИ «Зироатпарвар» аз намунаҳои Манжурии коллексияи ВИР бо усули интихоби фардӣ бароварда шудааст.
Муаллифонаш Каримов 3. К., Пирмаҳмадов Г., Ганич 3. П. мебошанд.
Дар соли 1975 барои хамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ карда шудааст. Шакли растанӣ ихчам (зич) буда, баландиаш 50-70 см мебошад.
Гулҳояш ранги тиллоии зард доранд. Ғилофакҳояш шакли паҳни силиндрӣ дошта, каммўяк буда, 8-10 тухм дорад. Тухмаш чалакшакл, ранги қахвагии сабз дорад. Вазни 1000 донааш 40—43 гр аст.
Ҳосилнокии миёнааш дар қитъаҳои навъсанҷӣ вобаста ба ноҳияи санҷиш 6-10 с/га-ро ташкил медиҳад. Навъи миёнапаз буда, давраи нашъунамояш 92-105 рўз аст. Якхелагии тухмиҳо баланд-ба 96% баробар аст. Дар об баробар пухта, дар таркибаш то 28% сафеда дорад.
ХУСУСИЯТҲОИ ПАРВАРИШ. Барои-пешгирӣ кардани касалиҳои махсус-фузариоз, антракноз тавсия мешавад, ки лубиё ба ҷои аввалааш баъди 4-5 сол пас такроран кошта шавад.
Дар киштгардонҳо лубиёро баъди ҷуворимакка, ҷуворй, пахта, гандуми тирамоҳии нуридодашуда мекоранд.
Дар шароити Осиёи Миёна мошро аксаран баъди дарави ҷав ва гандуми тирамоҳӣ, картошкаи барвақтӣ ва дигар зироатҳои тезпазак ҳамчун зироати такрорӣ мекоранд.
НУРИҲО. Лубиё ба нуриҳо, хусусан ба нуриҳои узвӣ серталаб аст.
Нуриҳоро бо назардошти ҳосили тарҳрёзишуда ва барориши NPK аз хок истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё