Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар Тоҷикистон лубиё зироати қадимтарин ба шумор рафта, асосандар водиҳо ва минтақаи наздикўҳӣ, миёнакўҳи обӣ парвариш карда мешавад.
Дар солҳои охир масоҳати майдонҳои кишти лубиё беасос кам шуданд (2005-1600 га). Ҳоло дони лубиё камчин ва аз рўи нархаш озуқавории дастнорас шудааст. Боиси таассуф аст, ки лубиё ва мош фақат дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва гоҳ-гоҳ дар хоҷагиҳо кошта мешаваду халос.
Дар соли 2005 ҳамагӣ 3200 т дони лубиё кошта шудааст.
Дар оянда зарур аст, ки майдонҳои кишти лубиё ва мош дар Тоҷикистон зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин бояд татқиқотҳои илмӣ оиди коркард ва дар истеҳсолот татбиқ намудани усулҳои парвариши лубиё, бурда шаванд.
Дар Тоҷикистон дар соли 2005 ба ҳисоби миёна аз гектар 19,5 сентнер рўёнида шудааст. Дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳосилнокӣ то 25-30 с/га-ро ташкил медиҳад. Дар таҷрибаҳои кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз заминҳои обӣ 20 с/га дон гирифта шудааст.
НАМУДҲОИ ЛУБИЁ. Ҷинси лубиё (Фаселус) 220 намудро, ки дар Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ месабзанд, дар бар мегирад. Дар мамлакатҳои Муштаракулманофеъ панҷ намуди он парвариш карда мешавад: муқаррарӣ, осиёӣй (мош), тепарӣ (баргтез), бисёргула ва лимӣ (сабзавотӣ).
Ҳама намудҳои парваришии лубиё растаниҳои яксолаанд. Дар минтақаҳои тропикии дунё ба шакли ёбоӣ намудҳхои бисёрсолаи лубиё (Ф.Симикректус)-лубиёи нимрост низ вомехўранд.
Дар истеҳсолот намуди лубиёи мукаррарӣ ба таври васеъ паҳнн шудааст. Дар Тоҷикистон лубиёи муқаррарӣ Лубиё (Ф. вулгарис) ва мош (лубиёи осиёгӣ) (Ф. Ауреус) парвариш карда мешаванд.
ХУСУСИЯТҲОИ МОРФОЛОГӢ. Лубиёи муқаррарӣ ва мош растаниҳои алафии яксолаанд. Пояашон рост, нимпечон ва печон, аксар сабз, баъзан гулобӣ ва бунафш аст. Пояи шохаҳои буттаи мош сермўяк, қадаш 65-70 см буда, лубиёи мукаррарӣ то 40-50 см, пояи шаклҳои печон бошад, то 3-4 метр мерасад.

пешина
аз 314
навбатӣ