Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дони лубиё ва мош барои тайёр кардани таомҳои миллии хуштамъ-шурак, шуламошак, мошбиринҷ, мошоба ва ғайра истифода бурда мешаванд.
Лубиё аҳамияти табобатӣ низ дорад ва онро барои тайёр кардани таомҳои парҳезӣ ҳангоми муолиҷаи касалиҳои талхадон, ҷигар, сохти марказии асаб ва барои беҳтар кардани фаъолияти узвҳои нафаскашӣ, ҳазми хўрок истифода мебаранд. Маводи аз пўсти ғилофакҳои сабз тайёр карда шуда барои муолиҷаи касалии қанд (диабет) истифода бурда мешаванд. Аз баргҳои лубиё туршии (кислотаи) лимугӣ истеҳсол мекунанд.
Баргу пояи сабз ва хушки лубиё аз протеинҳои хазмшаванда бой буда, ҳамчун хўрока дар чорводорӣ истифода бурда мешавад. Бо сабаби кўтоҳ будани давраи нашъунамояш дар заминҳои обӣ чун зироати ангорӣ кошта мешавад ва аз ин рў, майдонҳои иловагиро талаб намекунад.
Лубиё ҳамчун зироати лубиёдонагӣ аҳамияти калони агротехникӣ дорад. Хокро аз нитрогени биологи бой гардонида, ҳамчун зироати байни қаторҳояш коркардашаванда заминҳоро аз алафҳои бегона тоза мегардонад. Бинобар ҳамин лубиё барои пахта, ҷуворимакка, гандум ва дигар зироатҳо пешинакишти пурбаҳо аст.
Лубиё зироати ба таври васеъ паҳншудатарики лубиёдонагиҳо мебошад. Ҷаҳониён онро қариб дар майдони 20 млн гектар мекоранд. Аз нисф зиёди ин масоҳат дар Осиё махсусан дар Ҳиндустон (қариб 6 млн.
гектар) ҷойгир шудааст.
Лубиёро дар ИМА, Мексика, Бразилия ва дигар давлатҳо низ мекоранд.
Лубиё дар ҳудуди собиқ Иттифоқи Советӣ дар масоҳати зиёда аз 50 млн. гектар ва аз ҳама бештар дар Украина, Моварои Қафқоз, Молдавия кошта мешуд.
Дар Осиёи Миёна асосан лубиёи муқаррарӣ ва Осиёгӣ- мош, ки зироатҳои хоси лубиёдонагӣ мебошанд, дар заминҳои обии минтақаҳои пахтапарварӣ корида мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ