Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Лўбиёи чинӣ дар Тоҷикистон зироати нав аст. Минбаъд мукаммал гардонидани усули парвариши он вобаста ба шароити минтақаҳо, татбиқи навъҳои серҳосилу шадид ва риояи қатъии низоми технологӣ имконият медиҳад, ки ҳосили баланди ин зироат рўёнда шавад.

Мавзўъ: ЛУБИЁ (2 соат)
Аҳамият ва намудҳо. Усулҳои парвариши лўбиё ва мош дар заминҳои обӣ.

Лубиё зироати пурқиматтарини озуқавории серсафеда хуштаъму мебошад. Дон ва ғилофакҳои лубиёро дар намуди тару тоза, обпаз ва консер ва чун таъом истеъмол мекунанд.
Дони лубиё дар таъом нағз мепазад, серрғизо буда, маҳсулоти беҳтарин ба шумор меравад. Вобаста ба навъ, шароити парвариш, агротехника дар донаш 25—3S5% сафеда, то 3,0% равған, 50—60% оҳар инчунин кандҳо, витаминҳои пурқиммати - А, С, В дорад. Сафедаи лубиё барои одам аминокислотаҳои бебаҳои ивазнашавандаи- лизин, метионин ва ғайраро дорост. Барои аҳолии Осиёи Миёна дони лубиё ва мош хўрокаи дўстдоштатарин мебошанд.

пешина
аз 314
навбатӣ