Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Пояҳои онро дар баландии 6-8 см аз сатҳи замин медараванд. Ба ҷамъоварии ҳосил ҳангоми 90% хокистарранг ё сиёҳ шудани ғилофакҳо, пурра пухта расидани донҳо, аз 16% зиёд набудани намнокӣ ва ба осонӣ аз пўлакчаҳои ғилофакҳо ҷудо шуданашон шурўъ менамоянд. Дар истеҳсолот ҳосили дони лўбиёи чинӣ бо усули ғунучини дудаврагӣ низ истифода мешавад.
Ҷамъоварии барвақт ё дер сабаби исроф шудани ҳосил мегардад. Барои пешгирӣ кардани талафоти ҳосили дон ҳангоми ҷамъоварӣ мошинӣ он бояд бо суръати 4 - 5 км/соат ҳаракат намуда, ҳангоми дарав устувонаи кўбандааш дар як дақиқа 500-600 маротиба чарх занад.
Муайян карда шудааст, ки дар вақти гузаронидани дарав бо комбайни таҷҳизониданашуда 10% талафоти ҳосил ба ғилофакҳо рост меояд.
Зеро ғилофакҳои дар шохаҳои қисми поёнии поя буда, дар ҳолати буриши баланд ноғундошта монда, дар пояҳо боқӣ мемонанд. Ғайр аз ин донаҳое, ки бо парраки комбайн кўфта мешаванд, талаф меёбанд. Дар ин ҳолат майдашавии донҳо низ зиёд мешавад.
Барои пурра кўфтани донҳо ва кам кардани майдашавии онҳо лозим аст, ки суръати чархзании устувонаи кўбанда ва тарқишҳои дастгоҳи кўбандаро вобаста ба тағирёбии намии дон ва массаи баргу пояи кўфташаванда ба танзим даровард.
Пас аз кўфтани ҳосил дарҳол ба воситаи мошинҳои ғаллатозакунии ОСМ-45, СМ-5 лўбиё тоза карда шуда, то намнокии 12-14% хушконида мешавад. Дони лўбиёи чинӣ хусусияти баланди фурўбарии намиро (гигроскопӣ) дорост, зеро дар таркибаш миқдори зиёди сафеда ва равған аст. Дар шароити номусоиди нигоҳдорӣ вайрон шуда, қобилияти нешзаниаш кам мешавад.
Ҳамчун хўрокаи сабз ҳосили баргу пояҳои лўбиёи чинӣ дар давраи ширагирию думбулии дон ба воситаи комбайнҳои алафдарав (КС-2,1, КУФ-1,8) ва ё комбайнҳои силосдарав ғундошта мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ