Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Баргҳои ҳақиқиаш сепарра, аксар нугтез, байзашакл ва сабз мебошанд. Ранги баргҳои мош назар ба баргҳои лубиё сабзи баланд, мўякдор ва хурдтар аст. Гулкунӣ аз қисм« поёнии растанӣ cap мешавад. Гулбандаш аз 2 то 8 гул дорад. Гулбарги мош зард ё лимуранг буда, аз луБие-сафед, бунафш ва нофармон мебошад.
Мевааш ғилофаки сердон аст. Шакл ва андозаи ғилофаки лубиёи муқаррарӣ гуногун буда, дарозиаш 7-113 см, кулула ва нугтез мешавад.
Ғилофаки мош камбар, борик, мўякдор, силиндршакл буда, дарозиаш 8-
14 см, бенуг мебошад. Дони лубиё гуногунҳаҷм буда, рангаш сафед, сиёҳ, қахваранг ва ало мешавад.
Вазни 1000 донааш 250—500 гр. буда, гурдашакл, курашакл, эллипсй ва дарозак мешавад. Аз рўи сохту сахтии ғилофакхо онҳо ба шаклҳои пўсти ғилофакҳояш дурушти қабати паргаментдор ва ширини (сабзавотӣ) ғилофакаш беқабати паргаментӣ таксим мешаванд. Дони мош хурди дарозияш 3-4 мл, тухмшакл ё чалакшакл буда, рангаш сабз ё сабзи хира, баъзан зард ё қаҳвагӣ мешавад. Вазни 1000 донааш вобаста ба навъ ва шароити агротехникӣ 30— 80 гр. аст. Решаи онҳо тиррешаи сершоха буда, нағз инкишоф ёфтааст.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Лубиёи муқаррарӣ ва мош ба гурўҳи зироатҳои гармию равшанидўсти ҷанубии рўзи кўтоҳ мансубанд. Лубиё хусусан дар давраи гулкунӣ ва ғилофакбандӣ ба хушкӣ чандон тобовар нест. Мош назар ба лубиё бештар ба гармӣ ва хушкӣ тобовар мебошад.
Тухмии лубиё дар ҳарорати 9-10°С ва тухмии мош дар харорати 10- 12°С гармӣ ба неш задан cap мекунад. Барои бошиддат неш задани тухмии онҳо ҳарорати устувори ҳаво бояд аз 14—16°С паст набошад. Барои хотима ёфтани давраи нашъунамои мош ҷамъи ҳарорати фаъол бояд 2000-2300°С бошад. Хунукиҳои баҳорӣ (то 0,5°С) ба майдонҳои, лубиё зарар расонида, хунукиҳои тирамоҳӣ (-2-3°С) барояш марговар аст.
Давомнокии давраи гулкунияш аз 40 то 45 рўзро ташкил медиҳад. Лубиё ва мош растаниҳои худ аз худ гардолудшаванда мебошанд. Одатан онҳо то кушода шудани гулҳо гардолуд мешаванд, аммо ба воситаи ҳашаротҳо аз ҳамдигар гардолудшавияшон низ мушоҳида мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ