Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз натиҷаи тадқиқотҳои НИИ «Зироаткор»-и ба номи А.Н.Махсумов бармеояд, ки аз истифодаи нурии микробиологии штампи ризобий-60 лўбиёи чини навъи Орзуро 26,0 с/га ва навъи Ситораро 28,3 с/га дон додаст (Бухориев ва дигарон, 2006).
КИШТ. Барои гузаронидани кишт тухмии ба навъҳо ҷудокардашудаи солим ва якхелакардашуда истифода бурда мешавад. Ба муқобили маҷмўи касалиҳо (аскохитоз, фузариоз, антракноз, мағорзанӣ, пўсиши хокистарранг) тухмӣ бо суспензияи заҳрдоруҳои Агросит (50 фоиза х.ҳ.
3кг/т тухмӣ + 5-10 литр об дар якҷоягӣ бо нитрагин), Фундазол (50 фоиза х. ҳ.- 3 кг/т тухмӣ +5-10 л об дар якҷоягӣ бо нитрагин) заҳролуд карда мешавад. Барои заҳролуд кардани тухмӣ заҳрдо-руи ТМТД, 80 фоиза х.ҳ.- 3-4 кг/т низ истифода бурда мешавад.
Лўбиёи чиниро дар ҳолати ҳарорати ҳаво 12-14°С шудан дар чуқурии 6-8 см хок, коштан мумкин аст. Мўҳлати кишти он ба мўҳлати коштани ҷуворимакка, ҷуворӣ ва лўбиё рост меояд. Мўҳлати кишти лўбиёи чинӣ дар водии Вахш ба охири моҳи марту, аввали апрел, дар шароити водии Ҳисор, вилояти Суғд ва минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ба даҳаи дуюми моҳи апрел рост меояд.
Натиҷаи тадқиқотҳои кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (Т.Набиев, 1985) нишон медиҳад, ки мўҳлати кишт ба навъҳои гуногуни лўбиёи чинӣ ҳар хел таъсир мекунанд. Кишти лўбиёи чинӣ дар даҳаи якуми моҳи апрел имконият дод, ки ҳосили зиёд гирифта шавад. Иловаи ҳосил нисбат ба мўҳлати кишти 1 апрел 2-3 с/га-ро ташкил медиҳад ва миқдори сафеда дар дони лўбиёи чинии дар даҳрўзаи якуми апрел (1.04) кошташуда 1,6% ва миқдори равған бошад - 0,7% зиёд буд.
Лўбиёи чинӣ дар вақти неш зада баромадан тухмпаллаҳои худро рўи хок мебарорад. Аз ин рў тухмиҳо дар чуқурии 4-5 см зери хок карда мешаванд. Дар сурати рўяки хокпўш кардани тухмиҳо, аз сабаби нарасидани намии барои сабзиш зарурӣ майсаҳо сирак (тунук) мебароянд. Аз меъёр зиёд зери хок кардани тухмиҳо, махсусан дар хокҳои таркиби механикиашон вазнин боиси он мешавад, ки онҳо тухмпаллаҳояшонро болои хок бароварда наметавонанд ва пайдоиши майсаҳо мушкил гашта, дар натиҷа майсазорҳо сирак мешаванд.

пешина
аз 314
навбатӣ