Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Лўбиёи чинӣ бо усули васеъҷўяк (60 см) бо воситаи тухмипошакҳои амиқ СПЧ-6, СПЧ-6М, СИПН-8 аз рўи ҳисоби 0,4-0,5 млн. дона тухмии қобилияти нешзанидошта кошта мешавад. Меъёри тухмиҳо аз рўи вазн ба навъ ва калонии тухмиҳо вобаста буда, аз ҳосили зарби миқдори тухмиҳои қобилияти нешзанидошта (млн.) ва массаи онҳо бармеояд. Миқдори аниқи зичии ниҳолҳо дар як гектар ба 300-350 ҳазор баробар аст.
НИГОҲУБИН. Усули шадиди парвариши лўбиёи чинӣ нигоҳубини хушсифату саривақтии киштзорҳоро талаб мекунад. Бо мақсади беҳтар кардани аэратсияи хок, сафолакшиканӣ ва нест кардани алафҳои бегона аз аввали давраи сабзиш то пайдошавии майсаҳо майдонҳоро тавассути сихмолаҳои сабук нарм мекунанд. Ин чорабинии агротехникиро дар давраи пайдошавии барги сегонаи якум такрор мекунанд. Сихмола дар соатҳои рўзона гузаронида мешавад.
Ба муқобили алафҳои бегона то пайдо шудани майсаҳо заҳрдоруи Трефлан, 24 фоиза к.э.-5-6 л/га истифода бурда мешавад. Ин заҳрдору дар чуқурии 6-8 см бо воситаи нармкунак ё чархмолакҳои тамғаи БДТ-7, БДТ-10 таги хок карда мешавад. Заҳрдоруи зиразини 50 фоиза х.ҳ.-3-5 кг/га барои нест кардани алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва ғаллагиҳо то пайдо шудани майсаҳо тавсия мешавад. Истифодаи заҳрдоруҳои маҳаллӣ (қаторӣ) самаранок буда, сарфи онҳоро ду маротиба кам мекунад. Заҳдоруҳо ба воситаи дорупошаки ОП-200 аз ҳисоби сарфи 200-300 л/га маҳлули корӣ пошида мешаванд.
Дар давраи нашъунамо (то ба ҳам часпидан) қатори растаниҳо 3-4 маротиба нарм карда мешавад. Коркарди якум дар давраи пайдоиши барги якуми сегона дар чуқурии 5-6 см, дуюм 8-10 см дар давраи муғчабандӣ (дар якҷоягӣ бо ғизодиҳӣ) ва кашидани ҷўякҳои обмонӣ гузаронида мешавад. Коркардҳои байни қаторӣ пас аз ҳар як обмонии навбатӣ гузаронида мешаванд. Ҳосилнокии лўбиёи чинӣ бевосита ба тартиби обёрӣ ва гузаронидани обдиҳии саривақтию хушсифат вобаста аст.

пешина
аз 314
навбатӣ