Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

То 50-60% талаботи нитрогени растаниҳо аз ҳисоби нитрогени биологие, ки аз атмосфера дар натиҷаи симбиози бактерияҳои лўндашакл ғун карда шудааст, қонеъ мегардад. Дар давраи аввали нашъунамо, то саршавии истифодаи нитрогени атмосфера ба воситаи бактерияҳои лўндашакл барои қонеъ гардонидани талаботи растаниҳо, ба ин моддаи ғизоии ҳаётан зарур 30-35 кг/га нитрогени минералиро пеш аз нарм кардани хок ба воситаи нармкунакҳо ва ё баъди пайдо шудани майсаҳо истифода мебаранд.
Пеш аз шудгор истифодаи 10-15 т/га пору ва 60-70 кг/га Р2О5 тавсия шудааст. Нуриҳои калийдор дар майдонҳои аз ин моддаи ғизоӣ бой истифода бурда намешаванд.
Истифода бурдани 40-50 кг/га аммофос вақти кишт дар қаторҳо самараи хуб мебахшад. Самаранокии истифодаи нуриҳои минералӣ бо усули маҳаллӣ ё маҳдуд (локальное) зиёдтар аст.
Микроэлементҳо - бор, молибден ҳосилнокии лубиёи чиниро як андоза зиёд мекунанд. Бо ин мақсад дар 40-50 гр маҳлули намаки молибдати аммоний меъёри якгектараи тухмиҳо коркард карда мешаванд. Истифодаи нуриҳои бактериалӣ - штампҳои махсуси нитрагин ё ризоторфин барои пайдоиши бактерияҳои лўндашакл, яке аз усулҳои зарурии агротехникии парвариши лўбиёи чинӣ аст.
Дар таҷрибаҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (дар хокҳои хокистарранги сиёҳчатоби обёришаванда) истифодаи 60 кг/га нитроген ҳосилнокиро 2-3 с/га ва N60P60 кг/га 3,8 с/га зиёд кард.
Дар баробари ин ба таври қисм-қисм (дробный) истифода бурдани нитроген (30 кг/га нитроген дар вақти пайдоиши майсаҳо ва 30 кг/га нитроген дар давраи гулкунӣ) самараноктар аст.
Дар ҳамин шароит истифодаи нурии бактериалии ризоторфин ҳосилнокии навъи Орзуро 4,8 с/га, Узбеки-2-ро 6,9 с/га зиёд намудааст.
Нитрогинолудакунии тухмиҳо ва ғизодиҳии 60 кг/га бо нурии нитрогенӣ ҳосилнокии дони лўбиёи чиниро то 34,3 с/га зиёд намудааст.

пешина
аз 314
навбатӣ