Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
НАВЪҲО. Аз рўи давомнокии давраи нашъунамо лўбиёи чинӣ чунин навъҳо дорад: тезпазак (90-105 рўз), миёнапаз (120-135 рўз) ва миёнаю дерпаз (136-150 рўз). Усули шадиди (интенсивии) татбиқ ва парвариши навъҳои серҳосил, тезпаз, ба касалиҳо, ҳашаротҳо ва ба хобидан тобоварро, ки миқдори сафеда ва равғаннокиашон зиёд аст, талаб мекунад.
Дар Тоҷикистон навъҳои зерини лўбиёи чинӣ ноҳиябандӣ шудаанд:
«ОРЗУ». Ин навъ дар Пажўҳишгоҳи зироатчигии Тоҷикистон аз тарафи муаллифон: 3.К.Каримов, 3.П.Танич рўёнида шудааст. Дар соли 1975 барои парвариш дар заминҳои обӣ ноҳиябандӣ шудааст. Қади растанӣ 103-124 см, буттааш нимфишурда, хобнорав буда, тухмаш зард аст ва доғи дорчинранг дорад. Вазни 1000 донааш 130-134 гр аст.
Навъи миёнадерпаз буда, давраи пурраи нашъунамояш 120-125 рўз давом мекунад. Навдаҳои паҳлўиаш кам мешикананд. Баландии ҷойгиршавии ғилофакҳояш дар поя 14-15 см, баргҳояш баъди пухта расидан якбора мерезанд. Дар таркиби донаш ба ҳисоби миёна 38% сафеда, 22-23% равған ҳаст. Ин навъ барои ба даст овардани дон, дар киштҳои якҷоя бо ҷуворимакка ва ҷуворӣ мисли хўрокаи сабз ва силос тавсия шудааст.
«ДОРНИТСА». Ин навъро дар Пажўҳишгоҳи зироатҳои саҳроии Молдавия баровардаанд. Дар соли 1990 ноҳиябандӣ карда шудааст. Навъи кўтоҳпоя, баландиаш 66-83 см буда, ба навъҳои тезпаз мансуб аст ва давраи пурраи нашъунамояш 110 рўз тўл мекашад. Ҳосилнокии миёнааш дар қитъаҳои навъсанҷӣ 30,4 с/га буд. Донаш 38,2% сафеда, 22,8% равған дорад. Дар ҳамаи минтақаҳои лўбиёпарварӣ коштанаш тавсия шудааст.
Навъи «Улучшенная звезда» барои ноҳиябандӣ тавсия шудааст.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Лўбиёи чинӣ зироати гармию рўшноидўст буда, ба об ва моддаҳои ғизоӣ талаботи зиёд дорад. Барои ба даст
овардани ҳосили баланд дар тамоми давраҳои нашъунамо бояд чунин чорабиниҳои агротехникие андешид, ки меъёри муқаррарии омилҳои ҳаётиро таъмин кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё