Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Баргу пояи сабзи лўбиёи чиниро ҳамчун нурии сабз истифода мебаранд.
Истифодаи ҳаматарафаи миқдори зиёди сафеда ва равғани дар таркибаш буда, барои ба таври васеъ паҳншавии лўбиё дар зироатчигии ҷаҳон сабаб шудааст. Лўбиёи чиниро зиёда аз 60 мамлакати ҷахон дар майдони
52 млн. гектар мекоранд. Он аз рўи майдонҳои ишғолкардааш дар байни зироатҳои лўбиёдонагӣ дар ҷои аввал меистад. Дар ИМА лўбиёи чинӣ яке аз зироатҳои асосӣ ба шумор рафта, (майдони кишташ 25 млн. гектар) дар ҳалли барномаҳои озуқаворӣ мавқеи хосае дорад.
Ватани лўбиёи чинӣ Осиёи ҷанубу шарқӣ (Хитой, Япония, Корея) аст.
Ба ғайр аз ИМА онро дар Хитой, Бразилия, Корея ва дигар мамлакатҳо парвариш мекунанд. Дар собиқ Иттифоқи Шўравӣ лўбиёи чиниро дар майдони қариб 0,8 млн.гектар мекоштанд ва ноҳияҳои Шарқи Дур Федератсияи Россия асосан истеҳсолкунандаи он буданд.
Шароити иқлимию хокии Осиёи Марказӣ барои парвариши лўбиёи чинӣ мусоидат менамояд. Тадқиқотҳои бисёрсолае, ки кормандони кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногун ва санҷишҳои истеҳсолотие, ки дар зиёда аз 20 хоҷагиҳон ҷумҳурӣ оиди усули парвариши лўбиёи чинӣ дар киштҳои тоза ва омехта бо ҷуворимакка гузаронида шудаанд, аз пешомади калони ин зироат гувоҳӣ медиҳанд. Лўбиёи чиниро дар Тоҷикистон дар он заминҳои обии ноҳияҳое, ки ҷуворимакка парвариш менамоянд, коштан мумкин аст.
ҲОСИЛНОКӢ. Ҳосилнокии миёнаи дони лўбиёи чинӣ дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 20-25 с/га, баргу пояаи сабзаш бо ҷуворимакка 50 с/га ва аз ин ҳам зиёдтар мебошад. Лўбиёи чинӣ дар киштҳои ангорӣ хеле ҳам хуб нашъунамо мекунад ва аз ин сабаб майдонҳои иловагиро талаб намекунад.
Ҷорӣ кардани парвариши лўбиёи чинӣ дар Тоҷикистон вазъи бо озуқаворӣ таъмин намудани аҳолиро беҳтар карда, захираи хўрокаи чорворо мустаҳкам намуда, маҳсулнокии ҳайвоноти хоҷагии қишлоқро меафзояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё