Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Аз дони лўбиёи чинӣ равған, гўшт, шир, маргарин, панир, орд, маҳсулоти қаннодӣ, ҳасибҳо ва дигар маводҳои озуқаворӣ тайёр карда мешавад.
Лўбиёи чинӣ аҳамияти калони хўрокавӣ дорад. Дар таркиби як килограмм донаш 1,3-1,4 воҳиди хўрока ва 270-330 гр. протеини ҳазмшаванда мавҷуд аст. Пўчоқи лўбиёи чинӣ 40% протеин ва кунҷораи он то 38% сафеда, 5-6% равған, 28-30% моддаҳои бенитрогени экстративӣ дошта, хўрокаи беҳтарини серғизо мебошад. Илова кардани он ба хўрокаҳои аз ҷуворимакка истеҳсолкардашуда имконият медиҳад, ки хўрокаҳо камсарф ва вазни ҳайвонот зиёд шавад.
Хошоки лўбиёи чинӣ дар таркибаш 4-4,8% сафеда, 1,5-2,9 равған, 34,5% ғоз дошта, хўрокаи серғизотарин ба шумор меравад. Силоси аз баргу пояи лўбиёи чинӣ ва ҷуворимакка тайёркардашударо ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ боиштиҳо истеъмол мекунанд.
Самаранокии киштҳои омехтаи лўбиёи чинӣ бо ҷуворимакка дар натичаи тадқиқотҳои илм исбот шудаанд. Хўрокаҳои ғуррўшакардашудае, ки аз лўбиёи чинӣ тайёр карда шудаанд, ширдиҳӣ ва равғаннокии чорворо зиёд мекунанд. Шири аз лўбиёи чинӣ тайёркардашуда барои маконидани гўсолаҳо ва хукбачаҳо, ҳамчун хўрокаи иловагӣ истифода бурда мешавад. Бо меъёри (ратсион) шабонарўзии хўрокаҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ илова кардани орди лўбиёи чинии дар ҳарорати баланд коркардашуда имконият медиҳад, ки вазни миёнаи шабонарўзии хукбачаҳо, паррандаҳо ва тухмдиҳии онҳо зиёд шавад. Лўбиёи чинӣ ҳамчун зироати лўбиёдонагӣ аҳамияти калони агротехникӣ дорад. Дар ҳолати истифодаи нуриҳои бактериалӣ (ризоторфин) ва намнокии мўътадили хок лўбиёи чинӣ дар қабати ҷойгиршавии решаҳо то 80 кг/га нитрогени биологиро ғун карда метавонад. Баъди парвариши лўбиёи чинӣ майдонҳо аз алафҳои бегона тоза мешавад. Аз ин рў, вай барои зироатҳои ғалладонагӣ ва дигар зироатҳо пешинакишти хубест. Дар шароитҳои беҳтарини парвариш лўбиёи чинӣ 60-70% талаботи худро бо нитроген, аз ҳисоби нитрогени биологие, ки худаш ғун кардааст, қонеъ карда метавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё