Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Лўбиёи чинӣ растании гармидўст аст. Тухмиҳо ҳангоми 12-14°С будани ҳарорати хок дар чуқурии 6-8 см, яксара неш мезананд ва дар рўзи 7-8-ўм майсаҳо пайдо мешаванд. Майсаҳои лўбиёи чинӣ ба сармои баҳорӣ он қадар тобовар нестанд. Барои ин зироат дар давраи гулкунӣ-пухта расидан ҳарорати 20-22°С хуб аст. Вобаста ба тезпазакии навъҳо барои пурра гузаштани нашъунамояш 1800-32000С ҳарорати фаъол лозим аст. Дар давраи гулкунӣ ва пуррашавии ғилофакҳо аз ҳама бештар ба намӣ эҳтиёҷи калон дорад. Барои лўбиёи чинӣ намии хок бояд дар доираи 75-80% аз НК бошад. Коэффитсенти транспиратсияаш вобаста ба навъҳо ва шароити парвариш 500-600 аст.
Лўбиёи чинӣ дар заминҳои ҳосилхези гилхок ва қумхок, ки муҳити нейтралӣ (рН 6,0-7,0) доранд, нағз нашъунамо меёбад. Хокҳои шўр, санглох ва ботлоқӣ, ки обҳои зеризаминияшон дар чуқурии то 70 см ҷойгир шудаанд, барои парвариши лўбиёи чинӣ номувофиқанд. Лўбиёи чинӣ растании кўтоҳрўз буда, ба шадидии рўшноии офтоб талаботи хеле калон дорад. Дар шароити рўзҳои кўтоҳ, (12-14 соат) инкишофи он меафзояд. Норасоии рўшноӣ сабаби гулпартоӣ ва рехтани ғилофакҳои он мегардад.
Лўбиёи чинӣ ба нуриҳо эҳтиёҷи калон дорад. Вай дар давраи аз ҳама зиёд ғуншавии моддаҳои хушк аз саршавии гулкунӣ то пуррашавии дон, нуриҳои минералиро (РК) ба ҳадди афзал истифода мебарад.
Ин давра-давраи бўҳрони ғизоӣ минералии лўбиёи чинӣ ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин давра 80% фосфор ва то 50% калий истифода бурда мешавад (Бабич А.А., 1974).
ХУСУСИЯТҲОИ АГРОТЕХНИКӢ. Лўбиёи чинӣ танҳо дар сурати қатъӣ риоя намудани низому усули хушсифат гузаронидани маҷмўи чорабиниҳои агротехникӣ ҳосили баланд медиҳад. Усули парвариши он ба усули парвариши лўбиё монанд аст. Истифодаи усули шадид (интенсивӣ) имконият медиҳад, ки ҷараёни ҳосилбандии лўбиёи чинӣ таъмин гашта, ҳосили тарҳрезишуда бардошта шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ