Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Реҷаи гармии растаниҳоро бо роҳҳои; коркарди асосии босифати хок, тағйир додани мўҳлатҳои кишт усулҳои кишт (беҳтараш пуштагӣ), самти кишт, меъёри кишт тухмӣ, мўҳлатҳои обёрӣ ва пошидани нуриҳо, ҳамчунин муғчакунии сатҳи болоии хок ва ҳамсоли ин ба танзим гирифта мумкин аст.
ОБ. Об яке аз омилҳои муҳимтарини ҳаёти растаниҳо ба ҳисоб меравад ва барои фаъолияти ҳаёти онҳо моҳияти азимро соҳиб мебошад.
Вобаста аз зироат, дар организми растанӣ аз 70 то 90% ва зиёда аз он об мавҷуд аст. Ҳамаи ҷараёнҳои ҳаётӣ бо ҳаракати об дар организми растаниҳо алоқамандӣ дорад.
Об барои варам кардану сабзидани тухми зироатҳо зарур аст.
Бо ёрии об моддаҳои ғизоӣ ба растанӣ дохил гашта, ҷараёни фотосинтез амалӣ мегардад ва моддаҳои органикӣ ташаккул меёбанд. Об дар киштзор фазои микроиқлимии мусоидро фароҳам меорад. Дар мавриди ҳарорати баланди тобистона вай растаниро аз маҳвёбӣ муҳофизат менамояд. Об ҳамчунин барои тургори ҳуҷайраҳо зарур аст. Бо ёрии об ғизогирии растанӣ ва ба берун ҷудо гаштани моддаҳои нолозимат ҷараён мегирад. Ҷараёни рушд, сабзиш, инкишоф ва ташаккулёбии ҳосил бо об вобастагӣ дорад.
Дар мавриди норасоии об растаниҳо заиф, инкишофнаёфта, камҳосил гашта ва баъзан ҳангоми норасоии бардавоми он дар хок растаниҳо маҳв мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки обёрии зиёд ва барзиёдии он низ ба растаниҳои кишоварзиӣ таъсири бад мерасонад. Истисно танҳо шолӣ мегардад, ки дар шароити Осиёи Маркази асосан дар мавриди пур об будани палҳо парвариш карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё