Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ба реҷаи равшанӣ дар киштзорҳо меъёрҳои обёрӣ, нуридиҳӣ, бахусус нуриҳои азотӣ таъсир мерасонанд. Дар мавриди барзиёдатии нитроген биомасса афзоиш ёфта, халалдории байниҳамдигарии растаниҳо ба миён меояд ва онҳо хоб рафта, ҷараёни фотосинтез вайрон мегардад.
Равшаннокии киштзорҳо ҳамчунин аз хусусиятҳои навъ, устуворнокии онҳо нисбат ба хобравӣ вобастагӣ дорад. Бо коэффисиенти таъсири муфиди радиатсия фотосинтетикии фаъол (КТМ РФФ)-и нисбатан баландтар киштзорҳои навъи растаниҳои кутоҳпоя, гибридҳои ҷуворимакка бо баргҳои ба тарзи намудӣ ҷойгирифта, ки дар инҳо аккумулятсияи РФФ бо 5-6% мерасад, фарқ мекунанд.
Истифодаи самарабахшонаи РФФ яке аз муаммоҳои ояндадори асри ХХІ дар фаъолияти барзгарии олам боқӣ мемонад.
ГАРМӢ. Гармӣ дар растанипарварӣ манбаи энергияе ба ҳисоб меравад, ки барои синтези моддаҳои органикӣ дар баргҳо зарурият дорад.
Бо гармӣ ҷараёни нешзании тухмиҳо ва ба даст омадани майсаҳои якхелаю саросар ҷараён мўътадили гузаштан ба давраҳои нашъунамоҳои навбатӣ, давраҳои инкишофёбӣ ва ташаккулёбии узвҳои онҳо алоқамандӣ дорад.
Талаботи зироатҳои саҳроӣ бо гармӣ гуногун буда, аз зироат ва навъӣ он вобастагӣ дорад. Ба гармӣ зироатҳои ғалладонагии гуруҳи дуюм (бахусус ҷуворимакка, ҷуворӣ, шолӣ), алафи судонӣ, пахта нисбатан талабот доранд. Зироатҳои ғалладонагии гуруҳи якум (бахусус ҷавдор, тритикале), зағир, картошка ба гармӣ талаботи нисбатан камтар доранд.
Талаботи зироатҳои саҳроӣ нисбат ба гармӣ бо маҷмўи ҳарорати фаъоли (миёнашабонарузии) биологӣ, чи аз рўи марҳалаҳои инкишофёбӣ ва чӣ тибқи давомнокии давраи нашъунамо ва вобаста аз зироату навъи он муайян карда мешавад Тавре ки аз ҷадвали 1 дида мешавад, барои пахта дар давраи нашъунамо маҷмуи ҳарорати то 50000 С, шолӣ- 30000-45000, ҷуворимакка 25000-35000, ҷуворӣ- 17000-21000, гандум- 16000 -22000 С лозим аст.

пешина
аз 314
навбатӣ