Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ф.Энгелс навиштааст: «Танҳо ба инсон муяссар гардидааст, ки нақши худро ба табиат расонад: Вай на танҳо намудҳои гуногуни растанӣ ва ҳайвонотро ҷой иваз намуд, балки ҳамчунин намуди зоҳирӣ ва иқлими маскунии хеш, ҳатто худи растанӣ ва ҳайвонотро ба дараҷае тағйир дод, ки натиҷаи фаъолияти ў метавонад танҳо бо маҳви умумии пураи замин нест шаванд» (Ф.Энгелис. Диалектика природы. Госкомиздат.-М.: 1950.-с.14).
Дар хусуси имкониятҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати он бо роҳи тағйир додани воя ва дастрасии омилҳои ҳаётии растаниҳо ба киштзорҳо ва ба ин восила такмил додани технологияи парвариши зироатҳои саҳроиро, таҷрибаи пешқадамон низ шаҳодат медиҳад.
Ҳаёти растаниҳо дар мавриди алоқаи дутафаро бо табиат ҷараён мегирад.
Барои фаъолияти фаъолонаи ҳаёти растаниҳо ба киштзор гармӣ, равшанӣ, об, ҳаво ва моддаҳои ғизоӣ заруранд.
Бо роҳи ба танзим даровардани омилҳои ҳаётии растаниҳо инсон метавонад барои растаниҳо шароити мусоид фароҳам оварда, бо ин роҳ ҳосил ва сифати онро идора намояд.
РАВШАНӢ. Равшанӣ ба растаниҳо барои ҷараёни мўътадил фотосинтез зарур аст. Муқаррар карда шудааст, ки дар ҷараёни фотосинтез нурҳои сурху зард ташаккулёбии карбогидратҳо ва кабуд - сафедаҳоро тақвият мебахшанд.
Дар мавриди нарасидани равшанӣ рушду нумўи растаниҳо бад мегардад, онҳо суст ташаккул меёбанд, кашиш мехуранд, хоб мераванд ҷараёни фотосинтез халалдор мегардад, пухтарасии ҳосил тул кашида, ҳосилнокӣ ва сифати он якбора паст мегардад. Масалан, дар таркиби дони зироатҳои ғалладона миқдори сафеда, дар лундаи картошка оҳар ва дар бехмевагиҳо- бехмеваҳои лаблабу қанд кам мегардад.
Ба зироатҳои равшандўст пахта, шолӣ, ҷуворимакка ва ғайраҳо таалуқ доранд. Юнучқа ва зағир ба равшани камтар талабот доданд.
Реҷаи равшании киштзор ва беҳтар сохтани дастрасии онро барои зироатҳои парваришёбанда бо усулҳои агротехникӣ: бо роҳи ба танзим гирифтани меъёри кишти тухмиҳо, зичии киштзорҳо ва муҳайё намудани майдони ғизоии мусоид, ҷойгир кардани самти қаторҳо дар киштзор аз шимол ба ҷануб ва интихоби мўҳлатҳои мусоид кишт ва ғайраҳо тағйир додан имкон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё