Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Талоботи растаниҳо ба об гуногун аст ва аз растанӣ, наъвъ, шароитхои экологӣ, хоку иқлим, агротехника ва вақти кишт вобастагӣ дорад.
Нишондоди талоботи зироатҳо ба об коэффисиенти транспиратсионӣ таҷассум менамояд (ҷадвали 3).

  1. Коэффисиенти транспиратсиони вобаста ба зироатҳо.

ЗироатҳоКоэффисиенти транспиратсионӣ Гандум
Ҷавдор
Нахўд
Марҷумак
Офтобпараст
Юнучқа
Арзан
Ҷуворимакка
Шолӣ
Картошка
Лаблабуи қанд
Пахта
Нисбат ба об шолӣ, юнучқа, зироатҳои полезӣ, бахусус бодиринг талаботи зиёд доранд. Нисбатан ба хушкӣ устувор ва ба об камталаб ҷуворӣ, алафи судонӣ, арзан, нахўди русӣ, нахўд ва маъсар ба ҳисоб мераванд.
Тибқи маълумотҳои Алпатев аз тамоми обе, ки аз организми растаниҳо мегузарад, танҳо миқдори ками он- 0,01-0,03 фоиз барои ташаккулёбии бофтаҳои растаниҳо истифода гашта, бақимондаи он бухор мегардад. Ҳарорат ҳар қадар бошад, траспиратсияи об ҳамон қадар зиёд аст. Масрафи максималии об дар моҳҳои июл-август давраи аз ҳама гарми тобистон мушоҳида мегардад. Дар шароити водии Вахш коэффисенти траспиратсия барои худи ҳамон як зироат, назар ба водии Ҳисор бештар аст.
Коэффисенти траспиратсионӣ вобаста аз ҳарорат ва намнокии ҳаво, суръати шамол, таркиби механикӣ ва намнокии хок, реҷаи ғизогирӣ, давомнокии давраи нашъунамо ва ғайра тағйир меёбад.

пешина
аз 314
навбатӣ