Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзўъ: НАХЎД (2 соат)
Нахўд – зироати анъанавии серсафедаи озуқаворӣ. Биология ва навъҳо. Агротехникаи парвариши нахўд дар заминҳои лалмӣ.
Нахўд зироати пурбаҳои лубиёдонапш таомбоб мебошад. Дони пай то 26-28% сафеда, 4-5% равған, 50-60% моддадои экстративии бенитрогенӣ дорад.
Нахўд бо сифати баланди хуби лаззатииаш фарқ карда, хамчун таом ба таври обпаз, бирён ва консерва васеъ истифода бурда мешавад. Азбаски дар пояю барги сабзаш туршии (кислотаи)-и шулхаю себ дорад, онро ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ намехўранд, аммо ба гўсфанду бузҳо хошокашро мехўронанд.
Ба туфайли баланд будани қобилияти тобовариаш ба хушкӣ, гармӣ ва кам гирифтор шуданаш ба митта (растании нахўд ба мўякчаҳо пурра пўшида мешавад) нахўд дар байни зироатҳои лубиёдонагӣ, барои минтақаҳои хушк ва лалмӣ зироати. ивазнашаванда аст.
Нахўд боз як хусусияти пурбаҳо дорад: дар вақти пухтанаш ғилофакҳояш намекафанд ва донаш пош намехўрад. Нахўд барои зироатҳои ғалладонагӣ ҳамчун ғункунандан нитроген пешинакишти хуб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё