Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ватани навъҳои мандадонаи нахўд баҳри Миёназамин аст. Нахўд ҳамчун растании серсафедаи озуқабоб дар зироаткорӣ аз қадим маълум аст.
Дар зироаткории ҷахонӣ майдони кишти нахўд тақрибан 11 млн. гектарро ташкил медиҳад. Майдонҳои асосии нахўд дар Тоҷикистон ва Покистон ҷойгир шудаанд. Онро дар Италиё, Франсия, Мексике, Эрон, Афғонистон ва аз давраҳои қадим дар Кафкози Шимолӣ, Осиёи Миёна, Украина ва Руссия парвариш мекунанд.
Нахўд дар Тоҷикистон зироати пурқиммати қадимии анъанавӣ ба шумор меравад ва ҳамчун озуқаворӣ васеъ истифода бурда мешавад. дар соли 2005 нахўд ҳамагӣ дар майдони 57 ҳ. гектар кошта шудааст.
Нахўдро дар ҷумҳурии мо дар ҳамаи минтақаҳо ва вилоятҳо мекоранд.
Пастшавии ҳосилиокӣ, васеъ паҳншавин касалии хатарнокаскохитоз ва усули номукаммали парвариш боиси маҳдуд шудани майдонҳои кишти нахўд мебошанд.
Ҳосилнокии миёнааш 7-8 с/га-ро ташкил медиҳад. Дар қитъаи навъсанчии ноҳияи Темурмалик дар солҳои аз боришот мусоид 12-13 с/га дон гирифта шудааст.
Дар совхози «Коммунизм»-и (ба номи Мутиев) ноҳияи Данғара ҳосилнодии нахўд ба 14-15 с/га расида буд.
НАВЪҲО. Дар Осиёи Миёна бештар гурўҳи экологии эндемии мавдатухми нахўд паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон навъҳои зерин ноҳиябандӣ шудаанд: «ВИР-32», «Зимистонӣ» ва «Муқтадир».
«ВИР-32». Дар стансияи Кубании Пажўҳишгоҳи умумииттифоқии растанипарварӣ (ВИР) ба роҳи дурагакунии навъҳои «Қаддарози-30» ва «Гулкевигии-50» бароварда шудааст. Муаллифонаш: Енкин В. Б., Митюкович М. И., Ведищева Р. Т. мебошанд. Дар соли 1968 фақат барои киштҳои зимистонӣ дар минтақаи Кўлоб, водии Вахш ноҳиябандӣ карда шудааст. Ба гуногуннамудии транскасуказика-корнеум мансуб аст.

пешина
аз 314
навбатӣ