Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Тухмиҳо дар чуқурии 4-5 см таги хок карда мешаванд, аммо дар хокҳои сабук ва ҳнгоми кишти пешаззимистонӣ тухмиҳоро чуқуртар коштан лозим аст.
НИГОҲУБИНИ КИШТЗОР. Барои беҳтар шудани алоқаи тухмиҳо бо хок ва ба даст овардани майсазор саросар майдонҳоро баъди кишт шиббағелон мекунанд. Минбаъд нигоҳубини кишти наск аз сихмола кардани қитъаҳо дар самти кундаланг нисбат ба қаторҳо, барои шикастани сафолак, нест кардани алафҳои бегона (махсусан алафи мунҷи паҳндона), ғизодиҳии майсаҳо ва муборизаи зидди зараррасонҳои зироатҳои хоҷагии қишлоқ бо усулҳои агротехникӣ ва кимиёвӣ) иборат аст. Дар киштҳои тухмӣ хишоваи навъӣ гузаронида мешавад. Дар киштҳои бо усули тасмашакл гузаронидашуда,дар чуқурии 6-8 см ба воситаи нармкунак байни қаторҳо нарм карда мешаванд.
Ба муқобили зараррасонҳои зироатҳои хоҷагии қишлоқ (кирми мева, гамбусакҳои нахудӣ, ширинчаҳо) ба киштзор маҳлули пропанит, БИ-58 ва лиметафос 0,5-1 л/га мепошанд.
ПУХТАН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ. Бо сабаби кашолёбии давраи гулкунии ҳосил аз ғилофакхои поён cap карда нобаробар пухта мерасад.
Ҳангоми 70-80% зард шудани ғилофакҳо ба ҳосилғундорӣ cap мекунанд.
Наскро дар мўҳлатҳои кутоҳтарин ба восатаи комбайнҳо мувофиқкунонидашуда бо усули дарави яклухт паст медараванд.
Ғунучини дудаврагӣ низ имконпазкр аст. Дар ин ҳолат наскро ба воситаи мошинаҳои лубиёдаравӣ, тамғаи ЖБА-3,5, ЖНУ-3,2 медараванд.
Растаниҳои даравидашударо 1-2 рўз дар ғарамҳо хушконида, тавассути комбайнҳои худгард, ки устувонашон дар 1 дақиқа БОС—600 маротиба давр мезананд, мекўбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё