Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар Тоҷикистон ҳамчун зироати ба хушкӣ тобовар ва ба шароити заминҳои лалмӣ мувофиқ намудҳои майдадони наск парвариш карда мешаванд, ки қадашон паст буда (то 30-35 см), ғилофакҳо ва донашон хурд, қутрашон то 5-6 мм аст. Дар Тоҷикистон наски хўроки чорвоғомук низ вомехўрад, ки онро ҳамчун зироати парваришӣ истифода намебаранд.
Дар киштзорҳои наск ҳамчун алафи ифлоскунанда алафи мунҷи паҳндона вомехўрад. Ин алаф аз растании наск аз рўи пояи баландаш (то 70-
75 см), баргҳои калони байзанамуди чаппааш, гулҳои бунафшу сурхча ва бо ғилофакҳои дарози 6-7 дон доштагӣ фарқ мекунад.
Дар Тоҷикистон навъи Тоҷикии 95 ноҳиябандӣ карда шулааст.
ТОҶИКИИ 95. Ин навъ дар ИИИ «Зироаткор» (муаллифаш М.Г.Сухобрус) бо усули интихоби фардӣ аз навъи маҳалии ноҳияи Шуроободи вилояти Кўлоб рўёнида шудааст. Навь ба зернамуди майдадона ва гуногуннамудии виолясенс тааллуқ дорад.
Қади растанӣ 25-30 см буда, баргҳояш хурду дарозрўя мебошад.
Гулҳояш хурд, сафеду кабуд аст. Тўдагулаш 2-3 гул дорад. Дарозии ғилофакҳояш 10-12 см. Донааш хурд, барҷаста, рангаш зарди сурхча, қутраш аз 3,5 то 4,5 мм. Вазни 1000 донаш 25-35 гр буда, тухмипаллаҳояш норинҷианд. Сифати лаззатиаш миёна, дар об пухтанаш хуб буда, дар таркиби донаш 26-27% сафеда дорад, навъи тезпаз аст.
Давраи нашъунамояш дар киштҳои баҳорӣ 65-70 рўз давом мекунад.
Қобилияти ба хушкӣ тобо-вариаш баланд буда, ба касалиҳо миёна гирифтор мешавад.
Ҳосилнокии миёнааш дар қитъаи навъсанҷии ноҳияи Темурмалик (дар киштҳои зимистонӣ) 14 с/га ва дар киштҳои баҳорӣ 8,7 с/га-ро ташкил дод. Ин навъ дар соли 1945-ум барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ноҳиябандӣ карда шудааст.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Наск растании дарозрўз буда, ба гармӣ кам эҳтиёч дорад. Тухми он дар ҳарорати 4-50 С неш мезанад. Майсааш ба хунукии то 2-350 С тобовар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё