Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мувофиқи маълумотҳои академик Д.Н.Прянишников дони наск дар аҳромҳои Миср ва сутунпояҳои сохтмонҳои асри санг ёфт шудаанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки наск 2000 сол пеш аз милод кошта мешуд. Ғайр аз Миср наск дар мамлакатҳои Араб ва Ҳиндустон кошта мешавад. Наск инчунин ба юнонихо,римиҳо ва халкҳои славяни қадим маълум буд. Наскро дар Руссия (дар асри XIV) медонистанд. Наск дар давлатхои муштаракулманофеъ, Ҳиндустон, Афғонистон, Ирон, Руминия, Югославия, Чехословакия, Испания, Африка ва мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ (асосан дар Чилӣ) дар майдонҳои бисёр мекоранд.
Дар ҷаҳон дар мацдони 1 млн.га ва дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ қариб дар 70 ҳазор гектар наск парвраиш карда мешавад.
Наск яке аз зироатҳои лубиёдонагии паҳншудатарини Осиёи Миёна, аз он ҷумла Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар Тоҷикистон баробари нахўд наск, махсусан дар заминхои лалмии аз боришот таъмин, бештар дар минтақаи Кўлоб, водии Ҳисор ва ноҳияҳои минтақаи Рашт парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон соли 2005 наск дар майдони 475- гектар кошта шуда буд. Майдонҳои кишти ин зироати пурбаҳои озуқаворӣ бе асос кам карда шудаанд.
ҲОСИЛНОКӢ. Дар соли 2005 аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 8,3 с дони наск гирифта шуда буд. Баъзе хоҷагиҳое, ки тамоми қоидаҳои агротехникии парвариши наскро риоя карда буданд, нисбат ба ҳосили миёнаи ҷумҳурӣ 2-3 маротиба ҳосили зиёд гирифтанд. Дар қитъаҳое, ки дар минтақаҳои аз боришот таъмин ҷойгир шудаанд, то 16 с/га ҳосил гирифтаанд. Дар нуқтаи такягоҳии Шўробод аз ҳар як гектар 12 с дони наск гирифта шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои стансияи Мелютини ҳатто дар заминҳои аз боришот нимтаъмин аз ҳар як гектар 7,0-7,5 с дони наск гирифтаи мумкин аст. Дар ҳолати риоя намудани қоидахои оддии парвариши ин зироат (мўҳлати кишт, меъёри тухмӣ ва сифати он, зироати пешинакишт ва ғайра) аз ҳар як гектар 10-12 с дон гирифтан мумкин аст.

пешина
аз 314
навбатӣ