Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзўъ: НАСК (2 соат)
Наск – зироати асосии озуқаворӣ. Хусусиятҳои биологӣ. Агротехникаи парвариш.
Наск яке аз зироатҳои лубиёдонагии таомӣ мебошад. Аз рўи миқдори сафеда ва дар таом пухтанаш аз нахўду лубиё бартарӣ дорад. Дони наск дар таркибаш 30-36% сафеда, 2% равған, то 60% оҳар, 2,5-5,0% ғоз ва 2,5—4,4% хокистар дорад.
Сафодаи наскро узви ҳозима зуд аз худ мекунад. Аз наск бисёр таомҳои гуногуну серғизо (шўрбо, шавла, хўриши таом ва ғайра) тайёр мекунанд.
Наск-инчунин дар тайёр намудани ҳасиб низ истифода мешавад.
Аҳамияти чорвобобии наск низ хеле калон аст.
Пасмондаҳои дони наск, пахол ва коҳ чун хўрокаи чорво истифода бурда мешавад. Аз рўи қиммати хўрокӣ пасмондаҳои дони наск танҳо аз кунҷора пасттар аст. Пахоли наск дар таркибаш то 15% сафеда дошта, аз рўи ғизонокиаш ба алафҳои марғзорӣ баробар мебошад. Як килограмм алафи хушки наск ба 0,5 кг воҳиди хўрока баробар аст.
Аз рўи маълумоти маъхазҳо ватани наски калондона баҳри Миёназамин ва наски майдадона-Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ (Афғонистон, Ирон) мебошад. Наск ҳамчун зироати лубиёдонагии нитрогенғункунанда ба ҳосилхезшавии хок мусоидат мекунад. Вай барои зироатҳои ғалладонагӣ, махсусан гандум пешинакишти хуб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё