Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳарорати мўътадил дар давраи пуррашавии дон 20-22°С мебошад.
Наск нисбати мушунг ба хушкию гармо тобовар бошад ҳам, нисбат ба нахўд кам тобовар аст. Наск ба намӣ талабот дорад. Дар давраи сабзиш (то гулкунӣ) намии зиёдро талаб мекунад.
Вобаста ба навъ ва шароити сабзиш давраи нашъунамои наск дар киштҳои баҳорӣ аз 70 то 90-100 рўз давом мекунад. Давраи пайдоиши майсаҳо (то гулкунӣ) 40-50 -рўз тўл мекашад.
Наск растании худгардолудшаванда мебошад, аммо онро ҳашарот ҳам аз ҳамдигар гардолуд карданаш мумкин аст.
Наск дар заминкой аз алафх,ои бегона тоза, аз руи тар-ккбн механикиашон сабук, гилхоки ковок ва регхок нарз месабзад.
УСУЛҲОИ ПАРВАРИШ. Наскро дар киштгардонҳо пас аз зироатҳои тирамоҳии ғаллагии байни қаторашон коркардшаванда-ҷуворимакка, ҷуворӣ ва заминҳои аз алафҳои бегона тоза мекоранд. Дар навбати худ наск ҳамчун ғункунандаи нитроген барои зироатҳои ғаллагӣ - пешинакишти хуб аст.
НУРИҲО. Наск барои пайдошавии 1 с дон муттаносибан бо баргу пояи ҳосилшуда аз хок 6 кг нитроген, 2 кг фосфор ва 2,8 кг калийро мегирад. Пеш аз коркарди асосии хок ба майдонхо 45-50 кг/га м. т. фосфор мепошанд. Майсаҳоро аз ҳисоби 25-30 кг/га м. т. нитроген гизо медиҳанд. Истифодаи микронуриҳо, махсусан молибден дар якҷоягӣ бо тухмиҳо ва ризоторфин ҳосилнокиро то 25-30% меафзоёнанд. Поруро бевосита барои наск истифода намебаранд, зеро он сабзиши баргу пояҳоро афзуда,ҳосили донро кам мекунад, растаниҳоро хобонида, пухта расидани донро қафо мекашад.
Дар шароити заминҳои лалмии водии Ҳисор аз истифодаи 47 кг фосфор 29 кг калий дар якҷоягӣ бо нурии микробиологии ризоторфин, бор 1 кг/га, колибден 0,5 кг/га 14 с/га дони наск ба даст оварда шудааст (Додихудоева, 2004).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё