Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

НИГОҲУБИНИ КИШТҲО. Баъди кишти марҷумак, чун анъана дар киштзорҳо ба воситаи сихмолаҳои дандонагӣ коркард мегузаронанд.
Дар ҳолати пайдоиши сафолак ва алафҳои бегона то пайдоиши майсаҳо ба воситаи сихмолаҳои сабук ё каланд ротатсионӣ дар киштзорҳо дар самти кўндаланги қаторҳо коркарди навбатӣ гузаронида мешавад.
Барои намудоршавии майсаҳо дар киштҳои васеъҷўяк ба восита култиваторҳо дар чуқурии 5-6 см байни қаторҳоро нарм мекунанд. Минбаъд вобаста ба дараҷаи сахтии қабати хок ва миқдори алафҳои бегона то давраи гулкунии марҷумак 1-2 маротиба коркарди байниқаторҳо ва инчунин дар сурати зарурат ба муқобили алафҳои бегона коркарди дастӣ гузаронида мешавад. Дар шароити обёрӣ бо мақсади нағз инкишоф ёфтани системаи решагии марҷумак ба воситаи кетман хок дар назди пояи растанӣ ғун карда мешавад (окучивание), ки ин амал самараи хуб медиҳад.
Ҷалби занбурҳо дар гардолудшавии марҷумак имконият медиҳад, ки сатҳ ва сифати ҳосили дар ин зироат баланд шавад. Бо ин мақсад дар давраи гулкунӣ тавсия мешавад, ки дар ҳао як гектар киштзор 2-3 оила занбур ҷалб карда шавад. Чӣ қадаре, ки ҷалби оилаҳо зиёд шавад, ҳосили дон нишз ҳамон қадар меафзояд. Дар ҳолатҳои алоҳида исбот шудааст, ки аз ҳисоби ҷалби занбурҳо дар давраи гардолудшавӣ ҳосилнокии марҷумак то 8-20 с/га зиёд мешавад.
Марҷумак ба об талаботи зиёд дорад. Барои ҷараёни мўътадили сабзишу инкишоф ва пайдоиши ҳосил лозим меояд, ки дар қабати ҷойгиршавии решаҳо намнокӣ бояд ба 70-80% НК нигоҳ дошта шавад.
Дар давраи нашъунамо ба киштзорҳои марҷумак 3-4 маротиба бо меъёри 600-700 м3/га об медиҳанд. Обмониҳо бо коркарди байниқатории хок мувофиқа карда мешаванд. Талаботи марҷумак дар давраи сабзиши шадид, дар давраи шохаронӣ ва гулкунӣ меафзояд.

пешина
аз 314
навбатӣ