Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

МЎҲЛАТИ КИШТ. Мўҳлати кишт ба маҳсулнокии марҷумак таъсири назаррас мерасонанд. Дар ҳолати дер мондан аз мўҳлатҳои оптималии кишт ба растаниҳо гармӣ, хушкӣ ва норасоии об таъсири манфӣ мерасонанд. Киштро бо мурури фарорасии 12-140С дар чуқурии зери хок намудани тухмиҳо гузаронидан лозим аст. Мўҳлати кишти марҷумак ба мўҳлатҳои кишти ҷуворимакка лўбиё ва ҷуворӣ фаро мерасад.
Мўҳлатҳои оптималии кишти ангории марҷумак дар Тоҷикистон моҳи июн то нимаи авали июл ба шумор меравад. Дар киштҳои ангорӣ беҳтараш навъҳои тезпаз стифода бурда шаванд.
Дар қитъаҳое, ки алафҳои бегона бисёранд ва дараҷаи ҳосилхезии хок баланд аст, марҷумакро бо усули васеъбар (45 см) мекоранд. Дар истеҳсолот баъзан ин зироатро бо усули қатории муқаррарӣ парвариш менамоянд. Дар қитъаҳое, ки алафҳои бегона начандон бисёранд ва дараҷаи ҳосилхезии хок паст аст дар ҳолати парвариши навъҳои тезпазак аз усули кишти қатории муқаррарӣ 15 см истифода мебаранд. Кишт ба воситаи тухмипошакҳои ғаллагии тамғаи СЗ-3,6 гузаронида мешавад.
Вобата ба хусусиятҳои навъӣ, хокию иқлимӣ, меъёрҳои нуриҳо, таъминоти намнокӣ меъёрҳои тухмӣ барои кишт дар киштҳои усули васеъбарҷўяк- 2-3 млн./га тухмии қобилияти нешзанӣ дошта (50-60 кг/га) ва дар киштҳои бо усули қатории муқаррарӣ- 3-4 млн./га (то 90 кг/га)-ро ташкил медиҳанд.
Дар таҷрибаҳои Х.Пирова (2006) дар шароити водии Ҳисор ҳосилнокии марҷумак вобаста ба усулҳои кишт ва меъёри тухмӣ- 12,5- 19,5 с/га дон ба даст оварда шудааст. Ҳосили баланди дон дар ҳолати истифодаи усули васеъбар (45 см) ва меъёри тухми 2,5 млн…/га ба қайд гирифта шудааст. Бо назардошти таркиби механики хок, мўҳлатҳои кишт ва намнокии хок тухмии марҷумак дар чуқурии аз 4 то 7 см зери хок карда мешавад. Дар хокҳои намнокиашон баланд ва таркиби механикиашон вазнин тухмиҳо дар чуқурии 4-5 см ва дар хокҳои сабук- 6-7 см зери хок карда мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ