Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ХУСУСИЯТҲОИ ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Дар натиҷаи дарозмуддатии давраи гулкунӣ (30-35 рўз) дони марҷумак низ дар як вақт пухта намерасад. Аз ин рў зарур аст, ки мўҳлати ғунучини ҳосил дуруст муайян карда шавад. Зеро дер мондан, сабаби талафоти ҳосил мешавад. Ҳосили марҷумакро бо усули дудаврагӣ дар давраи буршавии 70%-и меваҳо ғун медоранд. Барои даравидани растаниҳо дар давраи якўм мошинаҳои даравкунанда (жатка) истифода бурда мешаванд. Баъди хушкшавии анбўҳи даравидашудаи растаниҳо дар ғарамгаҳо донро бо воситаи комбайнҳои ғаллакўб ҷудо мекунанд (давраи дуюм). Барои кам кардани майдашавии дон дар вақти ғаллакўби суръати гардиши устувонаро то 500-600 гардиш/дақиқа кам карда мешавад. Тухмии тозакардашударо то дон нами 14-15% хушконида, сипас нигоҳ медоранд.
Мавзўъ: ЗИРОАТҲОИ ЛУБИЁДОНА (2 соат) Аҳамияти зироатҳои лубиёгӣ дар ҳалли масъалаҳои сафеда ва ҷамъшавии нитрогени биологӣ.
Зироатҳои лубиёдона ба оилаи лубиёгиҳо (фабесеа) мансубанд. Онҳо аҳамияти калони озуқаворӣ, техникӣ ва хўрокӣ доранд. Зироатҳои лубиёгӣ аз рўи микдори зиёди сафедаи таркиби дон ва баргу поя аз растаниҳои дигар ба куллӣ фарқ доранд.Ғайр аз ин, дар таркиби онҳо маҷмўи зиёди аминокислотаҳое, ки барои одам ва ҳайвонот ҳаётан заруранд, мавҷуданд. Онҳо манбаи асосии сафедаи растанианд. Таркиби растаниҳои лубиёдонагӣ аз равған (лубиёи чинӣ, арахис) ва витаминҳои (A1, В1, В2, С, Д, Е ва ғайра) бой мебошад.
Аз рўи ақидаҳои академик Д.Н. Прянишников масъалаи таъминоти сафеда аз ҳисоби лубиёгиҳо бояд халли худро ёбад.
Таркиби кимиёвии дон ба зироат; навъ, шароити хокию-иқлимӣ ва коркарди агротехникӣ вобаста буда, ба таври васеъ тағир меёбад. Дар байни зироатҳои ғалладонагӣ лубиёи чинӣ бо миқдори зиёди сафеда (то 40—50%) ва равған то (25—27%) фарқ мекунад. Миқдори сафеда ва аминокислотаҳои ивазнашаванда дар таркиби дони лубиё-донагиҳо нисбат ба ғаллагиҳо 2—3 маротиба зиёд аст. Аз руи таркиби кимиёвӣ ва сифати сафеда лубиёдонагиҳо ба гўшт наздиканд (ҷадвали 15).
- Таркиби кимиёвии дони зироатҳои лубиёдонагӣ
(% дар моддаи мутлақи хушк)
Сафеда
Зироат Оҳар Равған Ғози Хокистар Ба Ҳудудхом ҳисоби нокӣ
миёна
Лубиё 24,3 170-32,1 50-60 0,7-3,6 2,3-7,1 3,1-4,6
Мушунг 27,3 20,4-35,7 20-48 0,7-1,5 5,2-7,7 2,3-4,4
Наск 30,4 21,3-36,0 47-60 0,6-2,1 2,4-4,9 2,3-4,4

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё