Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
МАВЗУЪ. ҶУВОРИМАККА (4соат)
Зироати муҳим ва серҳосил барои хўроки чорво. Дастовардҳои ҷуворимаккапарварони пешқадам. Биология, навъ ва дурагаҳо.
Технологияи парвариши интенсивӣ.
Зироати муҳим ва серҳосил барои хўроки чорво.
Ҷуворимакка яке аз зироатҳои серҳосилу маъмули емию хошокӣ аст, ки дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ҷуворимакка аҳамияти калони хўрокӣ, озуқаворӣ ва техникӣ дорад. Ҳамчун озуқаворӣ 20% дони ҷуворимакка, масолеҳи техникӣ 15% ва аз се ду ҳиссаи истеҳсоли умумиаш бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи хўрокаҳо истифода бурда мешавад. Аз рўи ҳосилнокӣ ва қиммати хўрокӣ нисбат ба аксар зироатҳои емию хошокӣ боло меистад. Дони ҷуворимакка дар таркибаш 12 % сафеда, 65-70 % моддаҳои бенитрогени экстративӣ, 4-8% равған ва витаминҳои пурбаҳо дорад. Дар истеҳсоли хўрокаҳои емию хошокӣ дони ҷуворимакка беҳамто мебошад. Як килограмм донаш 78 г протеини ҳазмшаванда, 1,34 воҳиди хўрокӣ дорад.
Ҷуворимакка ҳамчун зироати силосбоб аҳамияти калон дошта, дар 100 килограмм силоси он, ки ҳангоми ширагирию думбул будани дон хобонида шудааст, 26 воҳиди хўрокӣ ва 1800 г протеини ҳазмшаванда ҳаст. Аз рўи истеҳсоли воҳиди хўрокаҳо аз ҳар як гектар нисбати дигар зироатҳои ғалладонагӣ бартарии калон дорад.
Ҷуворимакка аз рўи маҳуслонокиаш ба гурўҳи растаниҳои азимҷуссаи С4 мансуб аст, ки он аз рўи хусусияти хоси сохтори дастгоҳи фотосинтетикии ин зироат бармеояд.
Ҳангоми силосхобонии он дар якҷоягӣ бо зироатҳои лўбиёгии донӣ ва махсусан бо лўбиёи чинӣ миқдори сафедаҳо, аминокислотаҳо дар хўрока баръало зиёд шуда, сифаташ беҳтар мегардад.
Дони ҷуворимакка хўрокаи пурбаҳои емӣ аст ва аз он орд, оҳар, спирт, пиво ва дигар маҳсулотҳо тайёр мекунанд. Деҳотиён аз орди ҷуворимакка нони болаззат-«нони зағора» мепазанд. Сўтаҳои он ба таври обпаз ва буғпаз кардану консервкунонӣ, бирён (патароқи ҷуворимакка) истифода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё