Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Усулҳои кишти сулӣ ба усулҳои кишти ҷав монанданд. Чуқурии хокпўш кардани сулӣ нисбат ба ҷав кам буда, 3-4 см аст. Дар хокҳои сабук ва хушк тухмиҳо чуқуртар хокпўш карда мешаванд.
НИГОҲУБИНИ КИШТҲО. Нигоҳубин аз аввали баҳор гузаронидани сихмола, муборизаи зидди алафҳои бегона, ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва ғизодиҳӣ иборат аст.
Аввали баҳор бо назардошти имконияти ҳолати физикии хок дар киштзорҳо тавассути сихмолаҳои дандондори БЗТС-1,0 коркард гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ ҳавохўрии хокро беҳтар мекунад. Сихмолакунии киштзорҳо ба ғизодиҳии онҳо вобаста карда мешавад.
Ба муқобили алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ заҳрдоруи базаргани 48 фоиза-2,2 л/га дар давраи панҷазанӣ истифода бурда мешавад.
Дар қитъаҳое, ки барои тухмӣ ҷудо карда шудаанд, хишоваҳои намудӣ ва навъӣ гузаронидан даркор аст. Бомасро аз сулии парвариши ба осонӣ фарқ кардан мумкин мебошад. Ҷорўбаки бомас нисбати сулӣ пештар пайдо шуда, сўкҳои сиёҳ дошта, пулакчаҳои хўшагиаш мўяк доранд.
Аз заминҳои обӣ дар сурати нигоҳ доштани намнокии хок дар доираи 70-75% аз НК ҳосили баланд гирифтан мумкин аст. Дар давраи нашъунамои дон (найчабарорӣ, ҷорўбакзанӣ, гулкунӣ ва ширагирӣ) киштзор аз ҳисоби 600-650 м3/га обёрӣ мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Ҳосили дони сулӣ нобаробар пухта мерасад.
Пухтани он аз хўшачаҳои қисми болоии ҷорўбак сар шуда, бо гулҳои поёнӣ хотима меёбад. Дер ғунучин намудани ҳосил боиси рехтани донаҳои хушси-фати пешпухта мегардад.
Дарави ҷудогонаи ҳосил вақти думбулии дон талафоти онро қадре кам мекунад. Дар шароити ҷумҳурии мо чун анъана ҳосили дони сулӣ дар давраи пухта расидани он бо усули дарави яклухт дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин ғундошта мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ