Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Моҳи декабри соли 1950 масъалаи мазкур дар раёсати АИ ИШ мавриди баррасӣ карор гирифт ва ба хотири анҷом додани корҳои ташкилӣ як комиссияи махсус дар ҳайати олимони шинохта ташкил дода шуд. Бо қарори муштараки ШО, ШВ ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфт. Дар қарори мазкур таъкид мешавад, ки дар ҷумҳурӣ барои ташкили чунин ниҳоди бузурги илмӣ «ҳамчун ситоди тафаккури пешқадами илмӣ ва мактаби тарбияи мутахассисони илмӣ аз ҳисоби зиёиёни маҳаллӣ, тамоми шароит муҳайё шудааст».1 Академик Е. Н. Павловский, ки роҳбарии ФТ АИ ИШ дар ихтиёр дошт, бо хушнудӣ изҳор намуда буд, ки имрўз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ҳамчун марказҳои илмӣ бо гузориши мустақилона ва ҳалли масоили илмии мувофиқ ба талаботи «хоҷагии халқ ва фарҳанги мамлакат иқтидори кофӣ доранд2.
Бо таъсиси академияи мустақил марҳалаи комилан нави рушди илми ҷумҳурӣ, аз ҷумла илми таърихшиносӣ оғоз меёбад. Пеш аз ҳама дар сохтори академияи институтҳо ва марказҳои нав дар самти илмҳои табиӣ ва гуманитарию ҷомеашиносӣ ташкил ёфтанд. Вобаста ба ин Институти таърих, забон ва адабиёт ба ду муассисаи мустақили илмӣ тақсим шуд. Маркази асосии таърихшиносии ҷумҳурӣ акнун номи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (ИТБМ)-ро гирифт ва унвони муассиса то андозае муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти он гардид.
Бо пешниҳоди Котиби аввали КМ ҲК(б) Тоҷикистон Б.Ғ. Ғафуров нахустин директори ИТБМ донишманди шинохта ва донандаи таърихи халқи тоҷик А.А. Семёнов таъин гардид. Баробар ба ин академик Б.
Ғафуров барои ба роҳ мондани фаъолияти босамари институт гурўҳи калони олимони барҷаста, аз ҷумла, М. Андреев, А. Ю. Якубовский, М.
М. Дяконов, А. М. Беленитский, А. Окладников, А. Манделштам, Б. А.
Литвинский, Е. А. Давидовичро барои кор ба институт даъват намуд. Ба кор дар институт ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ҷалб шудани ин гуна муҳаққиқон боиси пешравии фаъолияти муассиса ва афзоиши мақоми таърихшиносии тоҷик дар миқёси Иттиҳоди Шўравӣ гардид. Иқтидори илмии институт ва доираи баррасии масоили мавриди таҳқиқ ба маротиб вусъат ёфта, фаъолияти густурдаи муассиса дар самтҳои таърихшиносию таърихнигорӣ, фарҳангшиносӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ ва дигар шохаҳои илми таърих ба роҳ монда шуд.
Дар ибтидо институт се сектори илмӣ – таърихи ҷомеаи шўравӣ,

1 Раджабов 3. Наука Советского Таджикистана. Душанбе: Дониш, 1968, – С.15.
2 Павловский Е.Н. Развитие науки в Таджикской ССР// Развитие науки в Таджикистане. – Душанбе, 1951. – С. 18-19.

пешина
аз 162
навбатӣ