Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Институти таърих, забон ва адабиёт дар солҳои баъдиҷангӣ новобаста ба баррасии таърихи замони шўравӣ дар шакли мақолаву китобчаҳо ва маҷмўаҳо, асосан ба таҳқиқу омўзиши таърихи тошўравии халқи тоҷик равона шуда буд.
Яке аз ходимони фаъоли илмии институт А. А. Семёнов (аз соли 1945) дар ин давра маҷмўаи «Ёдгориҳои модии фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна» (1945), мақолаҳои зиёди илмӣ, аз ҷумла, доир ба Абўалӣ Сино ва Абўрайҳони Беруниро ба чоп расонид. Инчунин дар ин давра як қатор асарҳои дигари арзишманди олимони ҷумҳурӣ ва шарқшиносони намоён чоп шуданд.
Омўзиши археологии ҳудуди ҷумҳурӣ, ки бо кашфиёти нодири ҳуҷҷатҳои суғдии қалъаи Кўҳи Муғ соли 1932 оғоз ёфта буд, аз соли 1946 cap карда, то инҷониб шакли мунтазам ва пайвастаро гирифт.
Соли 1946 бо кўшиши якҷояи АИ ИШ ва ФТ АИ ИШ Экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷик (ЭБСТ) бо сардории А. Ю. Якубовский ташкил ёфт, ки корҳои ҳафриётиро аз Панҷакенти Қадим оғоз намуд. Баъдан, солҳои 1947-1948 ин корро экспедитсияи О.И. Смирнова идома дод. Соли 1949 бо ташаббуси А.Ю.Якубовский гурўҳи махсуси бостоншиносии Уструшан (Истаравшан) ташкил шуд, ки ба омўзиши ёдгориҳои таърихии ҳудуди Тоҷикистони Шимолӣ пардохт. Дар қаламрави Тоҷикистони Ҷанубӣ ба омўзиши ёдгориҳои таърихӣ гурўҳи бостоншиносии Кўлоб бо сарварии А. М. Беленитский ва дар ҳудуди ВМКБ бостоншиносон бо сардории А. И. Бернштам машғул буданд.
Дар самти этнографияи низ дар даҳ соли мавҷудияти ИТЗА таҳқиқотҳои ҷолиб ва экспедитсияҳои натиҷаовар гузаронида шуданд. Ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун лабораторияи табиии таърихию этнографӣ ва антропологӣ таваҷҷуҳи олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда буд. Аз ҷумла, экспедитсияҳои этнографии Н. А. Кисляков ба водии Ванҷ ва Е. М. Пешеров ба Сталинобод ва Қаратоғ (с. 1940), М. С. Андреев ба Болооби Панҷ (1943) доир гардиданд ва соли 1948 бо ташаббуси М. С. Андреев дар назди институт осорхонаи начандон калони мардумшиносӣ ташкил ёфт. Ҳамзамон кормандони институт дар ин солҳо ба омўзиши этнографии гурўҳҳои хурди этникӣ, оину суннатҳои мазҳабӣ, ҳунармандӣ, эҷодиёти шифоҳии халқ шуруъ намуданд.
Ҳамин тавр дар давраи мавҷудияти Институти таърих, забон ва адабиёт дар самти омўзиши таърих, археология ва этнографияи халқи тоҷик, омода намудани нахустин муҳаққиқони маҳаллии касбӣ корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Умуман фаъолияти даҳсола (1941-1951)-и илмии ФТ АИ ИШ барои рушди минбаъдаи илми тоҷик дар самтҳои гуногун, ба вижа илми таърихшиносӣ нақши ҳалкунанда гузошт. Бо назардошти дастовардҳо ва ташкили пойгоҳи қавии моддию техникӣ роҳбарияти ҷумҳурӣ, махсусан Котиби аввали КМ ҲК(б) Тоҷикистон Б. Ғафуров масъалаи ташкили академияи муста-қили илмҳои ҷумҳуриро пеш гузошт.

пешина
аз 162
навбатӣ