Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

сол китоби Н.Кисляков дойр ба таърихи Қаротегин ва асари 3.
Раҷабов доир ба ҷадидизм низ нашр шуданд.1 Рушди назарраси таҳқиқотҳои таърихӣ ва вусъати ташаккули мактаби таърихнигории миллӣ ба солҳои мавҷудияти Филиали тоҷикистонии АИ ИШ (1941-1951) рост меояд. Охири соли 1941 дар сохтори Филиал Институти таърих, забон ва адабиёт бо секторҳои таърих, забоншиносӣ, адабиёт ва фолклор ташкил ёфт. Новобаста аз солҳои вазнини айёми ҷанг ва азнавбарқарорсозии баъдиҷангӣ дар ин муддат корҳои шоёну назаррасе дар самти таҳқиқу омўзиши таърихи халқи тоҷик ба анҷом расиданд. Фаъолияти институтҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ асосан ба таълифу эҷоди асарҳои тавсеасози тарбияи ватандустӣ ва муборизаи оштинопазир ба муқобили истилогарон равона шуда буд. Маҳз дар ҳамин солҳо асарҳои устод Садриддин Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» (1944), рисолаи илмии Б. Ғ. Ғафуров ва Н. Н. Прохоров «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» (1944) аз чоп баромаданд. Баробари ин дар ҳамин солҳои маҷмўаи «Мавод оид ба таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» (1945), мақолаи В. В. Струве «Ватани Зардушт», А. Е. Маҷи «Таърихи Хуҷанди феодалӣ», Н. А. Кисляков «Оид ба таърихи бошандагони водии болооби Панҷ» нашр гардиданд. Чопи ин асарҳо дастоварди ҷиддие дар роҳи таҳқиқу омўзиши таърихи халқи тоҷик буданд.
Ташаккули илми академиявии таърихшиносии тоҷик бешак бо номи фарзанди фарзонаи миллат академик Б.Ғ. Ғафуров пайвасти ногусаста дорад. Академик Б.Ғафуров на танҳо дар таъсису ташкили марказҳо ва ниҳодҳои илмӣ, ба вижа дар самти таъриху этнография нақши бориз гузоштааст, балки ҳамчун муаррихи касбӣ бо таҳқиқи масоили умда, таҳияи нахустин консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадимтарин, таълифи китобу мақолаҳои бунёдӣ ба ташаккули таърихшиносии тоҷик ва рушди он саҳми бевосита дорад. Аз ҷумла, баробари китобу мақолаҳои дар боло зикршуда, соли 1947 «таҳқиқоти барои замон нихоят ҷиддию бунёдии Б.Ғ. Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»2 аз чоп баромад.
Баъдан ин китоб бо иловаю такмил се маротиба (1949, 1952, 1955) ба забони русӣ дар Маскав нашр шуд. Новобаста аз асарҳои таърихии Аҳмади Дониш, устод Садриддин Айнӣ ва таҳқиқоти ҷудогонаи таърихии то ин вақт ба миён омада, бори нахуст таърихи ҷомеи тоҷикон дар доираи як таҳқиқоти мукаммал ба чоп расид. Ба андешаи муаррихони шинохта метавонем бо ин асар Б.Ғ.Ғафуровро «бо ҳуқуқи пурра асосгузори илми таърихи тоҷик номид».3

1 Саидмуродов Д. С., Мальцев Ю.С. Из истории востоковедения в Таджикистане (1917-1958). – Душанбе: Дониш, 1990. – С.50.
2 Пирумшо Ҳ. Ахтари илму сиёсат. – Хуҷанд, 2019. – С. 274.
3 Ҳамон ҷо. – С. 275.

пешина
аз 162
навбатӣ