Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

гуманитарӣ ва ҷомеашиносии ҷумҳурӣ таҳкурсии хуб гузошт. Бори нахуст асарҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ аз ҷониби ин марказ нашр гардиданд ва аввалин Шуъбаи аспирантура бо мақсади омода намудани кадрҳои илмии маҳаллӣ дар назди ҳамин марказ кушода шуд.
28 марта соли 1933 бо қарори ШКХ ҶШС Тоҷикистон ИДИТТ пурра ба сохтори Пойгоҳи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИШ, ки соли 1932 таъсис ёфта буд, гузаронида шуд. Ташкилёбии Пойгоҳ дар Тоҷикистон марҳалаи комилан нав дар рушди илми академивии тоҷик мебошад. Дар сохтори Пойгоҳ сектори алоҳидаи таъриху забоншиносӣ (лингвистика) ба кор шуруъ намуд, ки баъдан дар заминаи он институтҳои мустақили таъриху бостоншиносӣ ва забону адабиёт ташкил ёфтанд. Дуруст аст, ки кормандопи сектор бештар ба таҳқиқи масъалаҳои забоншиносӣ ва мураттабсозии луғатномаҳо машғул буданд. Вале новобаста аз ин яке аз аввалин интишороти илмии Пойгоҳ дар ҳамкорӣ бо Институти шарқшиносии АИ ИШ таҳия ва чопи «Маҷмўаи суғдӣ» (1934) мебошад, ки нодиртарин ҳуҷҷатҳои суғдии аз қалъаи Кўҳи Муғ ёфтшударо дар бар мегирифт.
Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин ҳуҷҷатҳо ба забони суғдӣ буданд, ки аз ҳудуди Суғди бостон дарёфт гардиданд.
Сектори таъриху забоншиносӣ, ки то соли 1941 фаъол буд, барои рушди минбаъдаи илмҳои таърих, манбаъшиносӣ, забоншиносӣ, кишваршиносӣ заминае хубе гузошт. Дар ҳамин солҳо аввалин таҳқиқоти илмии муҳаққиқони маҳаллӣ доир ба масъалаҳои гуногуни таъриху фарҳанг, этнография, забоншиносӣ, таърихи фалсафа ва адабиёт таълиф шуданд. Махсусан, дар самти баррасӣ ва пешниҳоди масоили таърихӣ дар ин солҳо нақши устод Садриддин Айнӣ, олимони шинохта А. А. Семёнов, Б. Ғ. Ғафуров, М. С. Андреев, И. И. Зарубин муассиртар ба назар мерасад. Мақолаву очеркҳои таърихии устод С.
Айнӣ ба мисли «Аз ёддоштҳои инқилоби Бухоро» (1930), «Тирози ҷаҳон» (1937, 1939), «Шайхурраис Абўалӣ Сино» (1941) дар ташаккули таърихшиносии нави тоҷик нақши муҳимме гузоштанд. Бо қарори махсуси КМ ҲК(б) Тоҷикистон соли 1939 кормандони Пойгоҳ ба навиштани китоби дастаҷамъии «Таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» вазифадор гардиданд. Барои иҷрои ин вазифа бо роҳбарии Б.Ғ.Ғафуров гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Соли 1940 ҳамчун китоби якум аз ин силсила рисолаи Б. Ғафуров ва Н. Прохоров бо унвони «Афтидани аморати Бухоро» аз чоп баромад1, ки он нахустин асари таҳқиқотӣ оид ба таърихи давраи шўравии халқи тоҷик маҳсуб меёбад.2 Ҳамин

1 Пирумшо Ҳ. Ахтари илму сиёсат. – Хуҷанд, 2019. – С. 130.
2 Масов P.M. История исторической науки и историография социалистического строительства в Таджикистане. – С.77.

пешина
аз 162
навбатӣ