70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
барои ташкили марказҳои кавитар дар оянда таҳкурсии ҷиддие гузошт. Дар соли аввали фаъолият Ҷамъият маҷмўаи дастаҷамъонаи «Тоҷикистон»-ро ба чоп расонид. Махсусан, мақолаҳои академик В. В.
Бартолд «Тоҷикон, очерки таърихӣ» ва М. С. Андреев «Этнографияи тоҷикон», ки дар заминаи асноду маъхазҳои дасти аввал ва мушоҳидаҳои саҳроии этнографӣ навишта шуда буданд, қадами ниҳоят ҷиддие дар шинохти тоҷикон ва нақшу мақоми онҳо дар таърихи Осиёи Марказӣ буд. Соли 1926 бо ибтикори профессор А. А. Семёнов Ҷамъият асари «Қатаған ва Бадахшон»-и Бурҳониддинхони Кўшкекиро бо тавзеҳоти муфассал тарҷума ва чоп намуд. Ин асар маълумоти ниҳоят фаровони таърихӣ, ҷуғрофӣ ва этнографиро оид ба тоҷикони Хуросон (шимолии Афғонистони имрўза) ба хонандагон ва муҳаққиқон пешкаш мекард. Ҳамзамон як сол пас рисолаи бунёдии В. В. Бартолд «Эрон.
Тавсифи таърихӣ» ба нашр расонида шуд. Фаъолияти илмии Ҷамъият асосан ба ду самт – таҳқиқоти физикию ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ, таърихию филологӣ ва мардумшиносӣ равона шуда буд. Умуман, дар давоми фаъолияти худ (1925-1929) бо кўшиши аъзоёии ҷамъият чаҳор экспедитсияи илмӣ гузаронида шуда, дар маҷмуъ 14 рисолаи илмӣ вобаста ба самтҳои мухталифи илм ба чоп расид. Фаъолияти Ҷамъият ҳамчун маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ба зуддӣ на танҳо дар минтақа, балки дар ҳудуди Иттиҳоди Шўравӣ ва берун аз он мавриди эътирофи аҳли илм гардид. Соли 1928 ин ниҳоди илмӣ бо 47 ташкилоту муассисаҳои илмии шинохтаи хориҷӣ, аз ҷумла бо марказҳои илмии Ҳиндустон, Олмон, ИМА, Англия, Шветсия, Норвегия, Фаронса ва Туркия робита пайвастаи илмӣ дошт.1 Корҳои анҷомдодаи Ҷамъият на танҳо дорои арзиши баланди илмӣ, балки тобиши ҷиддии сиёсӣ низ доштанд ва ҷавоби сазоворе ба ҷараёнҳои точикзитези туркгаро буданд.
Заминаи шоиста ва фазои мусоид барои таъсиси марказҳои илмӣ ва ташаккули илми таърихшиносии миллӣ пас аз ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон ба миён омад. Соли 1930 бо қарори ШКХ ҶШС Тоҷикистон нахустин муасисаи илмии ҷумҳурӣ – Институти давлатии илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон (ИДИТТ) дар самти илмҳои гуманитарӣ таъсис ёфт. Аз 9 сентябри соли 1930 «Ҷамъияти омўзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун зи марзи он» пурра ба сохтори ин институт шомил гардид.
ИДИТТ бахшҳои алоҳидаи таъриху мардумшиносӣ, педоло-педагогӣ, иктисодӣ ва омўзиши захираҳои табиӣ ва қувваҳои истеҳсолкунандаро дар ихтиёр дошт. Ҳамин сол дар назди институт Кумитаи бостоншиносӣ ҳамчун ҷамъияти илмӣ ташкил ёфт. Новобаста аз баъзе маҳдудиятҳо ва хусусияти кишваршиносӣ доштани фаъолият ИДИТТ барои таъсису ташаккули марказҳои илмии самти
1 Масов P.M. История исторической науки и историография социалистического строительства в Таджикистане. – С.67.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё