70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
А. Шишов ва даҳҳо пажуҳандагони дигар, ки ҳар кадоме дар омўзиши сафҳаҳои гуногуни таърихи сокинони бумии минтақа – тоҷикон нақше гузоштаанд, ёдовар шуд. Таҳқиқоти илмии мусташриқини шинохта В. В. Бартолд, А. А. Семёнов ва М. С. Андреев, ки дар саргаҳи омўзиши илмии таърихи халқи тоҷик меистанд, дар шинохти тоҷикон, ҳамчун сокинони аслии минтақа ва соҳиби таърихи қадима ва фарҳанги пурғановат будани онҳо нақши хеле бориз гузоштанд.
Ташаккули мактаби комилан илмии омўзиши таърихи халқи тоҷик ва ё тоҷикшиносӣ ба замони шўравӣ рост меояд. Баробари ташаккул ва рушди таърихнигории шўравӣ мактаби нави таърихшиносии миллии тоҷик ҳамчун ҷузъи таркибии он ташаккул меёбад.
Ин мактаби нави шўравии таърихшиносии тоҷик, ки акнун дар пояи методология ва методҳои таърихнигории аврупоӣ ташаккул меёфт, тамоми он чизеро, ки дар таърихшиносии пешазшўравӣ мавҷуд буд, аз диди нав ва бо назари интиқодӣ қабул намуд. Албатта, методологияи комилан нави таҳқиқи таърих, дар заминаи фаҳмиши марксистӣ-ленинии рушди ҷомеаи инсонӣ ва қонуниятҳои он бунёд меёфт.
Ташаккули мактаби шўравии таърихшиносии тоҷик асосан аз солҳои 20-уми асри XX ибтидо мегирад. Аммо таваҷҷуҳи хоса ва талошу кўшиш дар самти ташкили марказҳои махсуси илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик пас аз марзбандии миллию ҳудудии соли 1924 ва ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба миён меояд. То соли 1924 таҳқиқи илмии таъриху фарҳанг ва этнографияи тоҷикон бо ибтикороти марказҳои калони илмӣ ва Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ, инчунин дигар ташкилоту ниҳодҳо тавассути ташкили экспедитсияҳои гуногун ва ё сафарҳои илмӣ ба вуқуъ меомад.
Нақши ниҳоят муҳимро дар ташаккули мактаби таърихшиносии миллии тоҷик таъсиси нахустин ташкилотҳо ва ниҳодҳои илмӣ дар минтақа бозидаанд. Аз ҷумла, соли 1924 Комиссияи илмии тоҷикӣ бо мақсади ҷамъоварии мавод ва коркарди илмии он доир ба таърих, этнография ва адабиёти тоҷикон дар назди Комиссарияти халқии маорифи ҶШС Ӯзбекистон таъсис меёбад.1 Соли 1925 дар заминаи пешниҳоди Кумитаи инқилобии ҶШСМ Тоҷикистон ва ҷонибдории гурўҳи олимони шинохтаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна, аз ҷумла, ҳамрайъии В. В. Бартолд, М. С. Андреев, А. А. Семёнов, H. Л. Корженевский ва дигарон «Ҷамъияти омўзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун зи марзи он» таъсис ёфт. Ин нахустин ниҳоде буд, ки маҳз бо мақсади таҳқиқи таърих ва этнографияи тоҷикон таъсис ёфтаву
1 Масов P.M. История исторической науки и историография социалистического строительства в Таджикистане. – Душанбе: Дониш, 1987.-С.67.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё