70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
вуҷуди ҷой доштани маводҳои зиёди таърихӣ дар ин таърихномаҳо, мавҷуд будани асарҳое, ки ба инъикоси таърихи ҷаҳон равона шудаанд, теъдоди бештари онҳо ба таърихи расулон, ҳокимон, хонадонҳои алоҳида, муҳорибаҳову лашкаркашиҳои онҳо, тавсифи ҳаёти дарбор, мубориза барои ҳокимият, низоъҳои байниҳамдигарии сулолаву хонадонҳои гуногун бахшида шудаанд. Аммо, бидуни шак ин таърихномаҳо паҳнкунандагони асосии донишҳои таърихӣ ва маҳфуздорандагони ҳофизаи таърихии миллати тоҷик буданд.
Гузариш аз донишҳои таърихӣ ва ташаккули таърих ҳамчун соҳаи алоҳидаи илм аввалан асри XVIII дар Аврупо ва каме баъдтар дар мамолики Шарқ ба вуқуъ меояд. Яке аз омилҳои асосии гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм ин раҳоӣ аз фаҳмиш ва дарки динии қонуниятҳои рушди ҷомеаи инсонӣ ва тавсифи ҳаводиси таърихӣ мебошад. Дар таърихшиносии миллии тоҷикӣ низ то замони Аҳмади Дониш муаррихон аз кўшиши муайян намудани қонунияти воқеии таърихӣ дурӣ ҷуста, вуқўъ ва амали ҳаводисро ба амри тақдир, қазову қадар ё насибу сарнавишт ҳавола мекарданд.1 Дар ибтидо Аҳмади Дониш (1827-1897) ва баъдан устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) бо таълифи асарҳои таърихии худ ба рушди афкори сиёсию ҷамъиятӣ, ҷаҳонбинии нави таърихӣ ва ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии устод Садриддин Айнӣ таъсири дастовардҳои илмии ховаршиносии ҷаҳонӣ, ба вижа олимони шинохтаи рус В.В. Бартолд, А.А. Семёнов ва М. С. Андреев мушоҳида мешавад. Аз ин рў, метавон гуфт, ки аз муаррихони миллӣ, поягузори омўзиши воқеан илмии таърихи халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ буда, таҳқиқоти таърихии ўро метавон чун анҷоми гузариш ба омўзиши илмӣ дар таърихнигории миллӣ эътироф кард.
Баробари мактабҳои миллии таърихнигории Бухоро, Самарқанд, Тошканду Фарғона, Ҳисору Бадахшон ва Ҳирот дар омўзиши таърихи тошўравии халқи тоҷик нақши олимону сайёҳатчиёни аврупоӣ, ба вижа мактабҳову марказҳои илмии русӣ хеле муассир аст. Махсусан, аз миёнаҳои асри XIX сар карда таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони Россияи подшоҳӣ ба таъриху фарҳанг ва этнография, захираҳои табию иқтидори иқтисодии Вароруд ба маротиб афзуд. Дар ин росто метавон аз асарҳои Е. К. Мейендорф, П. С. Савелев, Н. В. Хаников, В. В. Веляминов-Зернов, В. В. Завялов, В.В. Григорев, таълифоту таҳқиқоти Г. А. Арендаренко, Д. И. Логофет, Н. Маев, И. Л. Яворский, И. П. Минаев, А.В. Нечаев, Г. Гуровский, А.П. Хорошхин, Л. Н. Соболев, В. И. Липский В. И. Покотило, А. Е. Снесарев, В. Ф. Ошанин, А. П. Федченко, А. Д. Гребенкин, А. А. Бобринской,
1 Пирумшоев Ҳ. Таърихи халқи тоҷик дар тарозуи таърихнигорӣ.-Хуҷанд, 2014. – С.10.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё