Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

маҳсуб мешавад.1 Маҳз ҳамин китоб дар шаклгирии илми таърихнигории тоҷику форс ва таҳкими худогоҳии миллии қавмҳои ориёӣ зиёда мусоидат намудааст.2 Дар марҳалаҳои баъдина низ дар ҳавзаҳои гуногуни Варазрўду Хуросон, махсусан дар шаҳрҳои марказӣ теъдоди зиёди мактабҳои тоҷикии таърихнигорӣ амал менамуданд. Бо ҳисоби муҳаққиқи англис Ч. Сторӣ дар асари сеҷилдааш «Феҳраствораи адабиёти форсӣ»
шумораи таърихномаҳои тоҷикӣ-форсӣ беш аз ҳазор адад аст.3 Ҷолиб боз он аст, ки таърихномаҳои машҳуру муътабар, ки ба забони арабӣ навишта шудаанд, ба қалами донишмандони тоҷикиасл Абдулло ибни Муқаффаъ, Муҳаммад ибни ҷарири Табарӣ тааллуқ доранд. Дар асрҳои баъдина асарҳои ниҳоят арзишманди таърихии Абўнасри Утбӣ «Таърихи Яминӣ», Абўрайҳони Берунӣ «Осор-улбоқия», Маҳмуди Гардезӣ «Зайнул-ахбор», Абулфазли Байҳақӣ «Таърихи Масъудӣ» ё «Таърихи Байҳақӣ», Низомии Арўзии Самарқандӣ «Маҷмаъ-ун-наводир» ё «Чаҳор мақола», Абулҳасани Байҳақ «Таърихи Байҳақ», Минҳоҷи Сироҷ «Табақоти Носирӣ», «Таърихи Систон»-и муаллифи номаълум, Хоҷа Низомулмулк «Сияру-л-мулк»
ё «Сиёсатнома», Ҳамдуллоҳи Муставфӣ «Таърихи гузида», Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи Ҷаҳонкушой», Рашуддидини Фазлуллоҳ «Ҷомеъу-т-таворих», Мирхонд «Равзат-ус-сафо», Хондамир «Ҳабибус-сияр», «Таърихи Вассоф», дар охири асрҳои миёна «Таърихи Муқимхонӣ», «Убайдуллонома», «Таърихи Абулфайзхонӣ», «Таърихи Раҳимхонӣ», «Мунтахаб-ут-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон, асарҳои Биноӣ, Ҳофизи Таниш, Муншӣ, Аҳмади Дониш, Мирзо Азими Сомӣ, Гулшанӣ ва дигарон, ки имкони овардани номгўи пурраи таълифоти онҳо ин ҷо нест, нишонаи рушди пайвастаи мактаби суннатии таърихшиносии миллии тоҷик мебошанд. Ин силсилаи таърихномаҳо баробари маъхазҳои муҳим ва арзишманди хаттӣ буданашон, воситаи асосии пайвандгари мактабҳои таърихшиносии марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ва идомаи суннатҳои таърихноманависии миллӣ буданд.
Албатта, онро низ бояд сарфи назар накард, ки ҳарчанд дар таърихномаву солномаҳои асримиёнагии тоҷикию форсӣ маводи зиёде мавҷуд аст, вале бештари онҳо мазмунан тавсифӣ буда, аз усули таҳлили айнӣ, назари интиқодӣ ба маъхазҳо бархўрдор нестанд. Бо

1 Сомониён дар оинаи таърих (ҷилди якум, матнҳои тоҷикӣ, нашри дувум бо такмилу иловаҳо). Фароҳамоварандагони матн, муаллифони таълиқот, ҳавошӣ ва луғатнома Н. Салимӣ, Н. Зоҳидӣ, Н. Ғиёсов, А. Ҳасанзода. – Душанбе, 2019. – С.4.
2 Шукўҳи наср дар аҳди Сомониён. Фароҳамоварандаи матн, муаллифи муқаддима, таълиқот ва ҳавошӣ Н. Салимов. Дар ду муҷаллад.Ҷилди 1.-Хуҷанд, 2008.-С. 15.
3 Сомониён дар оинаи таърих (ҷилди якум, матнҳои тоҷикӣ, нашри дувум бо такмилу иловаҳо). – С.3.

пешина
аз 162
навбатӣ