70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст. Дар давоми ҳафтод соли фаъолияти худ институти мазкур дар пажўҳиши таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик нақши бориз гузошта, теъдоди зиёди таҳқиқотҳои бунёдӣ, рисолаву асарҳои илмӣ ва корҳои бостоншиносию мардумшиносиро ба анҷом расонидааст. Дар ин муддат ду маротиба таърихи ҷомеи халқи тоҷик аввал дар се ҷилду панҷ китоб ва баъдтар дар шаш ҷилд ба забони русӣ аз тарафи олимони ин марказ ба чоп расидааст.
Имрўзҳо тасмим гирифта шудааст, ки дар давоми солҳои 2021-2030 таърихи халқи тоҷик ба забони тоҷикӣ дар 12 ҷилд омода карда шавад.
Муаллифони бахшҳои алоҳида фаъолияти ҳафтодсолаи институтро дар самтҳои таърих, таърихнигорӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, маъхазшиносӣ, сиккашиносӣ ва дигар шохаҳо ба риштаи таҳлил кашида, нақши муассисаро дар омўзиш ва тасвири таъриху фарҳанги халқи тоҷик нишон додаанд. Китоб ба оммаи васеи хонандагон ва дўстдорони таърихи пурғановати халқи тоҷик пешниҳод мегардад.
УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА,
директори Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш,
доктори илмҳои таърих, профессор
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХ
ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрўз бо усули нигориш ва воқеъназарӣ дар минтақа пайваста мақоми пешсафиро соҳиб аст. Нахустин китоби таърихию ҷуғрофии аҷдодӣ – Авесто, ба мисли як қомусномаи бузург, ки «қариб ҳамаи паҳлуҳои зиндагии инсонро фаро гирифта, бобҳои сершумори он ба давраҳои гуногуну самтҳои мухталифи фаъолияти одамон сарукор дорад»1 ҳамчун «муҳимтарин маъхаз оид ба таърихи қадимтарин»2-и минтақаи Осиёи Марказӣ пазируфта шудааст. Аз ин рў метавон гуфт, ки мактаби таърихшиносии тоҷик реша аз аҳди қадим дошта, дар марҳалаҳои баъдинаи таърихӣ бо сайъу кўшиши ниёкони хирадманд боз ҳам сайқал ёфтаву суфта гардидааст. Катибаву сангнабиштаҳо, бойгониҳои расмию деворнигораҳо, китобҳои муқаддаси «Авасто», «Динкард», «Бундаҳишн», зиндагиномаву корномаҳои шаҳриёрону фарзонагон, ба мисли достонҳои «Худойнома», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Корномаи Анўшервон», «Шаҳрҳои Эрон», ки ҳанўз дар аҳди бостон таълиф шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Танҳо дар асрҳои IX-X, махсусан дар давраи Сомониён асарҳои зиёди таърихӣ ва таърихӣ-ҷуғрофӣ бо забонҳои тоҷикӣфорсӣ ва арабӣ навишта шуданд, ки имрўз ҳамчун маъхазҳои арзишманди хаттии дасти аввал мавриди эътирофанд. Аз ҷумла, асарҳои Хурдодбеҳ (820-26-875 ё 912), Табарӣ (839-923), «Таърихи Табарӣ»
дар тарҷумаи Балъамӣ, Фақеҳи Ҳамадонӣ (асри IX-ибтидои асри X), Ҷайҳонӣ (ваф. 942), Истахрӣ (тав. 849), Ҳамзаи Исфаҳонӣ (883/84-961 ё 971), Наршахӣ (899/900-960), «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ (935- 1020), асари «Ҳудуд-ул-олам» ва амсоли инҳо аз рушд ва пешрафти илми таърихи тоҷик ҳанўз дар ибтидои асрҳои миёна гувоҳӣ медиҳанд. Ба андешаи мутахассисон «Таърихи Табарӣ» дар тарҷумаи Абўалии Балъамӣ аввалин асари таърихнигории миллии тоҷикӣ
1 Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Иборат аз чаҳор китоб. – Душанбе: Ирфон, 209. – С.51-52.
2 Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав.
Иборат аз 2 китоб. Китоби 1. -Душанбе: Ирфон, 1998. – С. 63.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё