70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дошт. Аз сохтори институт бармеояд, ки таваҷҷуҳ ба таърихи замони шўравӣ, археология ва этнография бештар будааст ва масъалаҳои таърихи қадим, асри миёна ва давраи дар доираи сектори таърихи ҷомеаи шўравӣ баррасӣ мешуданд.
Баъдан дар давоми фаъолияти 70-солаи институт сохтори он чандин маротиба таҷдиди назар шуд, сектору шуъбаҳои нав ташкил ёфтанд ва ё баъзе аз онҳо муттаҳид гардонида шуданд. Дигаргуншавии сохтори институт аз вазъи рушди илми ҷумҳурӣ ва гузориши масъалахо вобаста ба вазифаҳои умда ва мубрами тараққиёти ҷомеаи кишвар ба вуқуъ меомаданд. Вале ҳамеша, новобаста аз тағйироту дигаргунии сохторӣ, ҳайати олимону кормандони институт кўшиш ба харҷ медоданд, ки тамоми паҳлуҳо ва саҳифаҳои таърихи рангини халқи тоҷик мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гиранд.
Гарчанде дар ибтидои ташкилёбии институт сектор ва ё шуъбаи махсуси омўзиши таърихи давраи қадим, асрҳои миёна ва замони нав мавҷуд набуд, вале дар доираи фаъолияти сохтори мавҷуда масъалаҳои мубрами ин давраҳои таърихӣ мавриди таҳқиқ қарор доштанд. Масалан, аз 52 асари таҳқиқотии солҳои 1951–1955 ба нашр расида, чортои он ба инъикоси таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав равона шуда буд. Пеш аз ҳама ин таҳқиқотҳо ба қалами директори институт олими шинохта А. А. Семёнов мутааллиқ буданд.
Дар ташаккули мактаби таърихшиносии тоҷик ва фаъолияти муназзами институт нақши роҳбарони он дар солҳои гуногун, аз ҷумла, олимони шинохтаи тоҷик, академикҳо А. А. Семёнов (1951-1958), З.
Ш. Раҷабов (1959-1962), Б. И. Искандаров (1962-1988), P.M. Масов (1988-2015), ки ҳар яке олими соҳибмактабу муҳаққиқи барҷастаи самтҳои гуногуни таърхи халқи тоҷик буданд, хеле назаррас мебошанд.
Дар панҷсолаи аввали фаъолият институт ҳамчун муассисаи алоҳида ва маркази ягонаи таҳқиқу омўзиши таърихи халқи тоҷик корҳои зиёди арзишманди таҳқиқотиро ба анҷом расонид.1 Моҳи июни соли 1958 аз ҳисоби ходимони илмии сектори ҷомеаи шўравӣ, ки доир ба масоили таърихи асримиёнагии халқи тоҷик тадқиқот мебурданд, сектори алоҳидаи таърихи асрҳои миёна кушода шуд, иҷрокунандаи вазифаи мудир ба зиммаи Н. Н. Неъматов гузошта шуд. Аз соли 1959 ин вазифа ба дўши н.и.т., академики оянда А.М.
Мухторов вогузор гардид. Сохтори институт то соли 1986 комилан
1 Аз ин баъд фаъолияти институт дар замини маълумотҳо аз китобҳои «Академия наук Республики Таджикистан» (Душанбе: Дониш, 2011), «Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 60 сол» (Душанбе, 2014) ва ҳисоботҳои солонаи институт ва шуъбаҳои он инъикос мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё